Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Кобул ба нишастҳои зери ҳимояти Русия ва Амрико мераванд


Моҳҳои охир дар Афғонистон хушунатҳо афзудааст
Моҳҳои охир дар Афғонистон хушунатҳо афзудааст

Ҳукумати Афғонистон гуфт, дар нишастҳои бахшида ба сулҳ, ки бо пуштибонии Русияву Амрико сурат мегиранд, намояндагонаш иштирок хоҳанд кард.

Русия рӯзи 18-уми март дар Маскав нишастеро мизбонӣ мекунад. Маҳфили дигар моҳи оянда зери ҳимояти Амрико ва дар Туркия баргузор мешавад. Ба ҳарду конфронс намояндагони ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибонро даъват кардаанд. Ду тарафе, ки бист сол боз ба зидди ҳам меҷанганд.

Ин нишастҳоро барои дамидани рӯҳи нав ба музокироти сулҳи Афғонистон дар Қатар зарур медонанд. Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон, рӯзи 13-уми март дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, "давлати Афғонистон дар ҳарду нишаст, ҳам дар Маскав ва ҳам дар Туркия, ширкат хоҳад кард."

Ин конфронсҳо дар ҳоле баргузор мешаванд, ки бино ба тавофуқи Амрико ва Толибон, рӯзи 1-уми май замони берун рафтани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон таъин шудааст.

Тавофуқро 29-уми феврали соли 2020, дар замони ҳукумати Доналд Трамп имзо карда буданд, вале маъмурияти Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии нави Амрико, гуфтааст, ҳоло созишномаро баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG