Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи як узбекистонӣ аз Қазон барои ширкат дар эътирозҳои ҷонибдорони Навалний


23-юми январ, Қазон, тазоҳурот ба ҷонибдории Алексей Навалний
23-юми январ, Қазон, тазоҳурот ба ҷонибдории Алексей Навалний

Як донишҷӯ аз Узбекистон барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ба ҷонибдории мунаққиди Кремлин Алексей Навалний, ки рӯзи 23-юми январ дар шаҳри Қазон баргузор шуд, аз Русия ихроҷ мешавад. Андрей Лагунини 19-сола гуфт, бо вуҷуди ин ки ӯ ба полис батаъкид гуфт, ки дар намоиши эътирозӣ иштирок накардаасту танҳо аз канори роҳи эътирозгарон убур мекард, ба ӯ амр доданд, ки 10 ҳазор рубл (135 доллар) ҷарима пардохт карда, то 9-уми март қаламрави Русияро тарк кунад. Вакили дифои ӯ гуфт, ки бо сабаби ғайриқонунӣ будани қарори додгоҳи Қазон, аз болои он шикоят хоҳанд кард.

Баъди бозгашт аз Олмон ва ҳабси Навалний дар охири моҳи январ, дар чандин минтақаи Русия бо талаби озодии ӯ намоишҳои эътирозӣ баргузор шуд. Навалний аз моҳи августи порсол дар яке беморхонаи Олмон аз осори заҳролудшавӣ бо заҳри низомие табобат мегирифт. Худи Навалний гуфтааст, ки амри заҳролудкунии ӯро президент Владимир Путин содир кард, вале Кремлин ин иттиҳомро рад мекунад.

Навалнийро додгоҳ бо иттиҳоми нақзи қарори ҳабси шартӣ, ки соли 2014 содир шудааст, ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Ин қарор боиси эътирозҳои сартосарӣ шуд ва полис дар чандин нуқоти Русия ҳазорҳо нафарро боздошту муҷозот кард.

XS
SM
MD
LG