Вазири сохтмони Узбекистон Ботир Зокиров гуфт, садди рахнашудаи обанбори Сардобаи ин кишварро ширкате барқарор хоҳад кард, ки дар озмун пирӯз мешавад.
"Санадҳои марбут ба бозсозии обанбор баъди гузаронидани ташхиси байналмилалӣ дар озмун гузошта мешаванд. Ин озмун шаффоф хоҳад буд. Дар он кӣ баранда мешавад, вақт нишон хоҳад дод. Пешакӣ чизе гуфтан душвор аст. Санаи оғози бозсозӣ ҳам маълум нест. Барқарор сохтани садди обанбор вақти зиёдеро мегирад ва набояд дигар шитоб кард", - изҳор дошт Зокиров.
Ба гуфтаи вазир, бо пешниҳоди девони вазирони Узбекистон қароре таҳия шудааст, ки бозсозӣ ва пардохти ҷуброни зарари рахна шудани садди обанбори Сардобаро бар зиммаи ширкатҳои "ТупалангсувГЭСкурилиш" ва "Роҳи оҳани Узбекистон" вогузор мекунад. "Онҳо корҳоро дар асоси лоиҳа аз ҳисоби худ анҷом медиҳанд. Аз буҷаи давлат ҳеч гуна маблағе ҷудо намешавад", - афзуд вазир.
Садди обанбор 1 майи соли гузашта канда шуд ва боиси марги шаш тан гардид. Ҳамзамон наздики 70 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шуд. Дар хулосаи тафтишот гуфта шудааст, ки иштибоҳу норасоӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, сохтмон ва истифодаи обанбор боиси рахна шудани сад гардидааст.
Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуда буд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.