Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамадбоқир Мамадбоқировро дар шифохонаи Хоруғ бистарӣ кардаанд


Мамадбоқир Мамадбоқиров. Акс аз бойгонӣ
Мамадбоқир Мамадбоқиров. Акс аз бойгонӣ

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз "лидерони ғайрирасмӣ" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бемористони шаҳри Хоруғ бистарӣ кардаанд. Наздиконаш ба нишонаҳои заҳролудшавӣ ишора мекунанд, вале пизишкон бемории ӯро ба "синусит ва сирояти вирус" рабт медиҳанд.

Фармондеҳи пешини 58-сола ва яке аз раҳбарони пурнуфузи ғайрирасмии ВМКБ як ҳафта аст, ки дар Маркази тиббии Оқохон, дар шаҳри Хоруғ, муолиҷа мегирад. Духтараш, Баргигул Мамадбоқирова, гуфт, вазъи падараш рӯзи 22-юми феврал дар хона бад шуд ва ӯро тавассути мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон оварданд.

Баргигул рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард: "Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад. Вақте мошини ёрии таъҷилӣ омад, намедонист, духтурон аз ӯ чӣ мепурсанд."

Ӯ мегӯяд, дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мехонад ва, иддао дорад, ки "инҳо нишонаҳои заҳролудшавиянд", вале пурра тасдиқ карда наметавонад. Ба қавли вай, Мамадбоқиров моҳи ноябри соли гузашта, бино бар синусит ҷарроҳӣ шуд, аммо ҳеч гоҳ чунин нишонаҳо надошт. Пайвандонаш мегӯянд, дар таърихи бемории Мамадбоқиров "сирояти шадиди роҳҳои нафас" зикр шудааст.

Дарёфти иттилои расмӣ аз Маркази тиббии Оқохон то ин дам ҳосил нашуд. Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ аз ин Марказ эҳтимоли заҳролудшавии Мамадбоқир Мамадбоқировро рад кард. "Бадшавии вазъи саломатӣ бар асари кадом як сирояти вирус ва синусит рух додааст", -- гуфт манбаъ, вале иттилои дақиқе дар бораи натиҷаҳои ташхис ва таҳлилҳо пешниҳод накард.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун "лидери ғайрирасмӣ" маъруф аст, сарҳанги бознишастаи неруҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Бори охир номи ӯ дар соли 2018 дар сархатти расонаҳо пайдо шуд, замоне ки раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт ва саркардаҳои ғайрирасмии минтақаро интиқод намуд.

Баъдан хабаргузории расмии “Ховар” аз Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев ба унвони саркардаҳои гуруҳҳои мутташаккили ҷиноӣ ном бурд. Худи онҳо ин иттиҳомотро беасос хонданд.

Дар моҳи октябри соли 2018 мақомоти кишвар ба ин чеҳраҳо пешниҳод карданд, санадеро имзо кунанд, ки онҳо аз амалҳои ҷиноӣ дар муқобили амнияти давлат ва ҷомеа даст бикашанд. Баъдан бар пайи талошҳои хунсо кардани вазъ дар минтақа, бино ба хабри расонаҳои мустақил, ин чеҳраҳо ба Душанбе барои музокира бо мақомот даъват шуданд. Вале дар бораи ин ки онҳо дақиқан бо чӣ касе дидор доштанд, иттилое нашр нашуд. Расонаҳои давлатӣ ин сафарро чун як сафари сайёҳӣ "барои ошно шудан ба дастовардҳои кишвар" қаламдод карданд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров яке аз онҳое буд, ки аз ин сафар ба Душабе даст кашидааст. Ӯ дар солҳои охир бекор буд.

XS
SM
MD
LG