Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноии Хоруғ" ба Додситонӣ рафтанд


Чанде аз лидерони ғайрирасмӣ дар вилояти Бадахшон аз онки мақомот онҳоро "саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноии Хоруғ" ном бурдаанд, норозигӣ карда ва далели чунин иттиҳомро аз Додситонии вилоят пурсидаанд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти интизомӣ Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро “саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноии Хоруғ” ном бурда, ба онҳо фурсат доданд, ки то охирин тирро ба мақомот супоранд. Вагарна, муҷозот хоҳанд шуд.

Онҳо барои он ба Додситонӣ рафта буданд, ки ба мақомот дар бораи супоридани силоҳу пок кардани шишаҳои сиёҳи мошинҳо хабар диҳанд ва гӯянд, ки дар ҷиноят даст надоранд

Ин панҷ нафар рӯзи 22-юми октябр ба бинои Додситонии вилояти Бадахшон рафта, аз мақомот суол кардаанд, ки ин иттиҳом бар чӣ асос ёфтааст? Толиб Айёмбеков субҳи душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳанд, ҳамагуна суитафоҳум аз байн бурда шавад. “Чаро моро "сиёҳ" карданд? Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев низ дар ҳаминҷо ҳастанд ва баъди берун омадан дар бораи натиҷаи мулоқот суҳбат хоҳем кард”, - гуфт ӯ ва афзуд, онҳо худро бегуноҳ меҳисобанд ва иттиҳоми мақомотро бепоя медонанд.

Чаро ба додситонӣ рафтанд?

Вале то ба ҳол маълум нест, ки панҷ нафар бо мақомоти Додситонии вилояти Бадахшон чӣ гуфта ва дар ҷавоб чӣ шунидаанд. Худи мақомот низ то ба ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Фаромуз Эргашов, вакили мудофеи собиқ ва нафари огоҳ аз қазия, гуфт, ин панҷ нафар ба суоли кормандони Додситонии вилоят посух гуфта ва аз онҷо берун омадаанд. Ӯ гуфт, ки вазъият дар минтақа ором аст ва лидерони ғайрирасмӣ дар маҳалҳо ба тоза кардани мошинҳои сиёҳшиша машғуланд.

“Онҳо барои он ба Додситонӣ рафта буданд, ки ба мақомот дар бораи супоридани силоҳу пок кардани шишаҳои сиёҳи мошинҳо хабар диҳанд ва гӯянд, ки дар ҷиноят даст надоранд”, - афзуд ӯ.

"Биёед, мардак барин суҳбат мекунем"

Хабаргузории давлатии "Ховар" ва шабакаҳои телевизони давлатии Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябр натиҷаи фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро нашр карданд. Дар ҷаласаи натиҷигирӣ аз фаъолияти якмоҳа Толиб Айёмбекову Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев саркардагони "гурӯҳҳои муташаккили ҷинои шаҳри Хоруғ" ном бурда шуданд.

Ёдгор Файзов, раиси тозатаъйини вилоят, дар ин мулоқот суол кард, ки роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ дар Хоруғ кистанд ва чаро номашонро намегӯянд? Ӯ сипас худ дар посух гуфт, "биёед, мардак барин суҳбат мекунем, гап дар бораи кӣ ва чӣ меравад. Ҳамон роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноие, ки мо мегӯем, ин ҷо Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва Ёдгор ҳастанд".

"Агар силоҳро то охир насупоранд..."

Дар матне, ки рӯзи 20-уми октябр дар хабаргузории расмии "Ховар" нашр шуд, мақомот гуфтаанд, аз ин афрод ва сокинони дигари вилоят тақрибан 200 силоҳи оташфишон, аз ҷумла беш аз 70 автомати "Калашников", даҳҳо норинҷак, тақрибан як кило маводи тарканда ва ҳудуди 5 ҳазор лавозимоти дигари ҷангӣ мусодира карданд.

Вале аз рӯи баёнияи мақомот, онҳо дар озодӣ ҳастанд ва барои пурра супоридани силоҳҳо барояшон фурсат дода шудааст.

"Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ, нисбат ба онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад", - гуфта шудааст дар иттилоияи расмӣ.

"Сходка" манъ шуд

Мақомоти интизомӣ дар баёнияи рӯзи шанбе, инчунин, ба сокинони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҳушдор додаанд, ки "сходка" ё "нишасти ҷинояткорон" дар маҳаллаву тарабхона, ошхона ва толорҳои варзишии минтақа расман манъ карда шудааст. "Ва иштирок дар чунин "сходка"-ҳо ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ мегардад".

Ин модда, ки аз се қисм иборат аст, барои иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ аз 8 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо дар эзоҳи он гуфта шудааст, шахсе, ки ихтиёрӣ ба мақомот дар бораи иштирокаш дар иттиҳоди ҷиноӣ иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад ва агар дар кирдораш таркиби ҷинояти дигар набошад, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд.

Бадахшон баъди изҳороти президент Раҳмон

"Рейдҳо" дар маркази Бадахшон баъди он оғоз ёфт, ки рӯзи 15-уми сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгариҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард ва ба мақомот барои ҳалли масъала як моҳ муҳлат дод.

Интиқоди президент Раҳмон боис ба тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Дар баробари ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG