Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сходка" манъ шуд. Эълони номи 5 "саркардаи гуруҳҳо" дар Бадахшон


Толиб Айёмбеков

Мақомоти Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро саркардагони гуруҳи, ба қавли онҳо, "муташаккили ҷиноӣ дар Хоруғ" ном бурдаанд.

Дар матне, ки рӯзи 20-уми октябр дар хабаргузории расмии "Ховар" нашр шуд, мақомот гуфтаанд, аз ин афрод ва сокинони дигари вилоят тақрибан 200 силоҳи оташфишон, аз ҷумла беш аз 70 "Калашников", даҳҳо норинҷак, тақрибан як кило маводи тарканда ва ҳудуди 5 ҳазор лавозимоти дигари ҷангӣ мусодира карданд.

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Хоруғ гуфтааст, ки ин силоҳҳоро то рӯзи 16-уми октябри имсол гирифтанд.

Рӯзи шанбе тамоси мо бо Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, натиҷа надод. Вале ӯ рӯзи 18-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ҷамъоварии силоҳ ба мақомот ёрӣ медиҳад ва худаш силоҳе надорад. Айёмбеков иддао дошт, ки силоҳҳоро соли 2012 ба мақомот супурдааст.

Айёмбеков ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи онки то куҷо дар миёни афроди мавриди ҷустуҷӯ бархе аз раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон, мисли худи ӯ ваё Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов ҳастанд, посухи рад дод ва гуфт, "на, чунин нест".

Мамадбоқир Мамадбоқиров
Мамадбоқир Мамадбоқиров

Иттилои дигар аз манобеи мустақил дар ин замина дастрас нест. Афроди дигаре, ки аз онҳо ҳамчун "саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар Хоруғ" ном бурда шудааст, низ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Вале аз рӯи баёниёи мақомот, онҳо дар озодӣ ҳастанд ва барои пурра супоридани силоҳҳо барояшон фурсат дода шудааст. "Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ, нисбат ба онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад", - гуфта шудааст дар иттилоияи расмӣ.

"Сходка" манъ шуд

Мақомоти интизомӣ дар баёнияи рӯзи шанбе, инчунин, ба сокинони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҳушдор додаанд, ки "сходка" ё "нишасти ҷинояткорон" дар маҳаллаву тарабхона, ошхона ва толорҳои варзишии минтақа расман манъ карда шудааст. "Ва иштирок дар чунин "сходка"-ҳо ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ мегардад".

Ин модда, ки аз се қисм иборат аст, барои иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ аз 8 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо дар эзоҳи он гуфта шудааст, шахсе, ки ихтиёрӣ ба мақомот дар бораи иштирокаш дар иттиҳоди ҷиноӣ иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад ва агар дар кирдораш таркиби ҷинояти дигар набошад, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд.

"Рейдҳо" дар маркази Бадахшон баъди он оғоз ёфт, ки рӯзи 15-уми сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгариҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард ва ба мақомот барои ҳалли масъала як моҳ муҳлат дод. Интиқоди президент Раҳмон боис ба тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Баробар бо ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.

Мақомоти Бадахшон рӯзи 16-уми октябр аз як моҳи таъмини тартибот дар Хоруғ натиҷагирӣ карда ва гуфтанд, ки зарурате барои баргузории амалиёти низомӣ нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG