Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи навбатӣ алайҳи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров


Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров барои худсарона ворид шудан ба бинои бахши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 17 декабр пас аз суханрониаш дар парлумони Тоҷикистон, дар рӯбарӯи хабарнигорон зоҳир шуд ва дар посух ба суол дар робита ба ҳодисаи рӯзи 15 декабр дар Хоруғ гуфт, ки ин ниҳод алайҳи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Оқои Салимзода афзуд, ки дар ҳоли ҳозир муфаттишони Додситонии кулл ҳодисаи ба таври худсарона ворид шудани Муҳаммадбоқир ба бинои бахши КДАМ дар Хоруғро мавриди тафтиш қарор додааст. Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки ин парвандаи навбатӣ алайҳи Муҳаммадбоқиров мебошад.

КДАМ: Муҳаммадбоқиров корманди амниятро захмӣ кард

Аз ин қабл Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ ҳодисаи рӯзи 15 декабр дар Хоруғ шарҳ дода буд.

Дар изҳороти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар захмӣ шудани як ходими амният муттаҳам мешавад. Дар матни изҳорот, ки дар сомонаи расмии "Ховар" нашр шудааст, гуфта мешавад, ки "15-уми декабр соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Мамадбоқиров Мамадбоқир бо чанд нафар гурўҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ўро захмӣ намуд". Дар пай, ба иттилои ин манбаъ, кормандони КДАМ Мамадбоқировро дастгир карда, аз ў тапончаи тамғаи «ПМ», бо 16 дона тирро мусодира карданд. "Баъди суҳбати профилактикии сесоата, М.Мамадбоқиров бо таъкиди надоштани иҷозати тарки макони истиқомат озод карда шуд. Дар ин амалҳои ҷиноятӣ М.Мамадбокировро як гурўҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳамроҳӣ менамуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтишот идома дорад", омадааст дар ин изҳорот.

Тибқи иттилои манобеи радиои Озодӣ дар Хоруғ, рӯзи 15 декабр сокинони маҳаллаи Бархоруғ аз нияти таъсиси дафтари амният дар ин маҳал эътироз карда, талаби дар ин сохтмон ташкил шудани варзишгоҳ ё театрро пеш гузоштанд.

Бар пояи иттилои манобеи радиои Озодӣ, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ва фармондеҳи Иттиҳодияи мухолифин дар Бадахшон ва аз афроди бонуфузи маҳаллӣ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров баъди боздошти кӯтоҳмуддат зери фишори издиҳоми мардум озод шуд. Ин ҳодиса рӯзи душанбе, 15 декабр дар маҳаллаи Хоруғи Боло ё Бархоруғи шаҳри Хоруғ рӯй дод.

Алим Шерзамонов, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз даҳҳо афроди силоҳбадаст ба маҳаллаи Бархоруғ омада мехостанд, дар як бинои маҳаллӣ дафтари раёсати амниятро таъсис диҳанд. Ин сохтмон, ба таъкиди Шерзамонов, гӯё қаблан барои ташкили варзишгоҳ ва ё театр ҷудо шуда будааст ва мардум аз ин хабар нороҳат шуда дар атрофи бино ба нишони эътироз ҷамъ шуданд. Дар миёни эътирозгарон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ҳам будааст, ки аз ҷониби силоҳбадастон боздошт ва баъди муддате зери фишори мардум озод шудааст.

Алим Шерзамонов гуфт, дар ин бино замони шуравӣ шӯъбаи амнияти Шуғнон амал мекард ва баъдан қарор буд ба як муассисаи фароғатӣ табдил мешуд. "Тақрибан 50 нафари силоҳбадасти барои мардум ношинос дохили ин бино шуда ва масъалаи бунёди Рёсати шаҳрии амниятро баррасӣ карданд. Вале мардум аз ин норозӣ шуда ба хотири низомӣ нашудани маҳаллаи Бархоруғ талаб кардаанд, ки дар ин ҷо раёсати шаҳрии амният таъсис нашавад", - гуфт Шерзамонов.

Озод шудани Муҳаммадбоқировро Набот Додихудоева, як фаъоли ҷамъиятии маҳаллӣ ҳам ба радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров.
Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҳодисаи имрӯза дар маҳалли зисти Муҳаммадбоқиров рух додааст. Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик дар Бадахшон ва полковники собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Баъд аз амалиёти соли 2012 дар Хоруғ, ки бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт ва зери 70 кушта ба ҷо гузошт, номи ӯ дигарбора вирди забони расонаҳо шуд.

Тобистони соли ҷорӣ Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки таҳқиқи рӯйдодҳои Хоруғ идома дорад ва касоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, ҷазо хоҳанд гирифт. Дар гуфтугӯ ба Радиои Озодӣ ҷаноби Салимзода гуфта буд, ки барои Хоруғ ва Бадахшон шахси бегона нест, зеро 6 сол дар он ҷо кор ва зиндагӣ кардааст: “Ман ба мардуми Хоруғ гуфтам, онҳо тағйир ёфтаанд, дигар шудаанд ва чаро ҷинояткорро дастгирӣ мекунанд ва касе, ки ҷиноят кард, бояд ҷазо гирад. »

Додситони кул гуфт, ки фармондеҳи пешини мухолифон ва ҳоло раиси маҳаллаи Хоруғи Боло Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқировро дар назар дорад, ки бояд ба додгоҳ кашонда шавад ва барои аъмоли худ ҷавоб диҳад. Ҷаноби Салимзода иттиҳомро ба таври умумӣ зикр намуд, вале Муҳаммадбоқиров дар гузашта ба ноором кардани вазъ дар Хоруғ муттаҳам ва ба ин сабаб аз тарафи кормандони додситонӣ бозпурсӣ шуда буд. Додситон афзуд: “Мо ният надорем, ки ӯ ҳатман бояд зиндонӣ шавад. Ақаллан биёяд як бор дар пеши суд шинад. Вайро як ҷарима кунанд, то мардум донанд, ки барои қонуншиканӣ шахс ҷавоб мегӯяд. Мардум имрӯз барои Хоруғ рафтан метарсанд.”

Баъд аз рӯйдодҳои 21-уми майи соли равон дар Хоруғ, ки дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр ва ҳалокати 4 нафар, бо шумули як афсари полис чандин бинои маъмурӣ ба оташ кашида шуданд, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров узви кумиссюни муштараки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд, ки бояд ин воқеаро таҳқиқ кунад.

XS
SM
MD
LG