Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори шашум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, бори шашум Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро легионери украинӣ Алексей Ларин дар охири бозӣ (дақиқаи 90+4) ба самар расонид. Ба ин тартиб, “Истиқлол” бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло, “Хатлон” бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода барои ҷойи севум мубориза бурданд. Ин бозӣ, ки 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, бо пирӯзии “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Футболбозони шаҳри Турсунзода бо медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2021 мукофотонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори даҳум сурат гирифт. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе шаш бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

Ҷоми ФФТ-2021

20-уми феврал (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи севум

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» - 1:2

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

20-уми феврал. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

Финал

«Хатлон» – «Истиқлол» - 0:1

Гол: Алексей Ларин, 90+4.

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

20-уми феврал. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2021):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

XS
SM
MD
LG