Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Тел-Авив ноком шуданд


Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Tel Aviv Grand Slam 2021”, ки дар пойтахти Исроил – Тел-Авив ҷараён дорад, ҳамаи шаш нафар паҳлавонони тоҷик рақобатҳои худро ба анҷом расонданд. Ҳамакнун онҳо бидуни медал ба Душанбе бармегарданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 418 варзишгар (244 мард ва 174 зан) аз 60 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дорад. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 20-уми феврал - се гуштигири тоҷик вориди рақобатҳо шуданд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дувум бар Юто Галаррето Виллар аз Перу дастболо шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Маммадалӣ Меҳдиев аз Озарбойҷон мағлуб гашт. Ду паҳлавони дигари тоҷик - Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило ҳунарнамоӣ карданд. Мирмамадов дар даври аввал бар Наор Итаҳ аз Исроил ғолиб шуд. Вале ӯ дар даври дувум қуувваозмоиро ба Чур Спиҷкерс аз Нидерланд бохт.

Темур Раҳимов бошад, дар байни варзишгарони тоҷик натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар ду қувваозмоӣ ғолиб омада, дутоашро бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард. Темур нахуст бар Ерассил Кажибоев аз Қазоқистон пирӯз гашт. Баъдан бар Стефан Ҳечйӣ аз Австрия ғалаба кард. Сипас аз Гурам Тушишвили аз Гурҷистон шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш Раҳимов барои ҷойи севум талош кард, вале аз Роу Мейери ҳолландӣ мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми феврал - Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар аввалин рақобати худ аз Александр Виежерзаки олмонӣ шикаст хӯрд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило қувваозмоиро ба варзишгари узбек Ҷалолиддин Бойназаров бохт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило ба сабқат аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ бар рақибаш Адам Стодолски аз Лаҳистон ғолиб омад. Вале Сомон дар даври севум аз Вадим Шока аз Беларус мағлуб гашт.

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2021” дар Исроил шоми шанбе, 20-уми феврал, бо қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии гуштигирони вазнашон сангин ба поён мерасад. Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз, барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, “Tel Aviv Grand Slam ” ин дуввумин мусобиқа аз силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар баргузор шуд, аз Тоҷикистон се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов - иштирок карданд. Аз байни онҳо натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов ба даст овард. Ин паҳлавони 23-солаи тоҷик дар вазни сангинтарин (+100 кг) аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш пирӯз шуда, дутоашро бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии ҷудо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG