Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи "рақиб"-и Александр Лукашенко дар Минск оғоз ёфт


Виктор Бабарика паси панҷара дар толори мурофиа.
Виктор Бабарика паси панҷара дар толори мурофиа.

Рӯзи 17-уми феврал дар додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Минск рӯзи 17-уми феврал Виктор Бабарика - бонкдори собиқ ва рақиби интихоботи президентии Александр Лукашенко бо шаш нафари дигар дар додгоҳ ҳозир шуд.

Додрас Игор Любовитски чандин дархости вакилони дифои Бабарикаро рад кард. Онҳо дар оғози мурофиа дархост карданд, ки Бабарика аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба ҳабси хонагӣ гузарад ва ба журналистони мустақил ва гузоришгарони расонаҳои интернетӣ иҷоза шавад, ки дар мурофиа иштирок кунанд, вале ин дархостҳо рад шуд.

Бабарика, собиқ мудири калони “Белгазпромбанк”-и марбут ба Русия моҳи июни соли 2020 боздошт шуд ва замоне, ки дар бораи нияти ширкат дар интихоботи президентии моҳи август хабар дод. Ӯро бо писараш Эдуард бо иттиҳоми “пулшӯӣ, порадиҳӣ ва фирор аз пардохти андоз” боздошт карданд.

Се рӯз пеш аз ҳабсаш мақомоти Беларус назорати бонкро ба даст гирифта беш аз 10 мудири онро бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти андоз ва пулшӯӣ боздошт карданд. Ҳамаи онҳо ин иттиҳомро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, рад кардаанд. Дар миёни ширкатдорони мурофиаи додгоҳӣ дипломатҳои сафоратҳои Австрия, Бритониё, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дида шуданд.

Рӯзи 17 феврал даҳҳо нафар дар назди додгоҳ ҷамъ шуданд. Мардум дар навбат қатор истоданд, то ки ба дохили мурофиа роҳ ёбанд, вале на ба ҳама иҷозаи вуруд ба толор дода шуд. Аз ҷумла, ширкатдорони мурофиаро нагузоштанд, ки телефон ё планшетро ба толори мурофиа ворид кунанд.

Парванда аз ҷониби додрасҳои Додгоҳи олии Беларус муҳокима мешавад ва ин қарори мақомотро худи Бабарика ва тими ҳуқуқшиносонаш интиқод карда гуфтанд, ки дар сурати гунаҳгор эълон шудани ӯ, онҳо аз шонси ба бозбинӣ фиристодани қарори додгоҳ маҳрум мешаванд.

Лукашенкоро барандаи интихоботи 9-уми августи порсол эълон карданд, вале ин чиз боиси норизоиятии сахт ва эътирозҳои сартосарии мардум шуд. Норозиҳову мухолифон бовар доранд, ки интихобот тақаллуб шудааст. Эътирозҳои сартосарӣ бо талаби истеъфои Лукашенкову даъвати интихоботи нав барои худи ӯ, бесобиқа мебошад. Лукашенко аз соли 1994 дар сари қудрат мебошад,

Лукашенко, ки ҳеҷ гоҳ барои музокира ё шунидани ҳарфи мухолифон омода нашудааст, ба саркӯби эътирозгарон амр дод ва нирӯҳои амниятӣ бо шеваи бисёр бераҳмона ҳазорҳо нафарро латукӯбу боздошт ва шиканҷа карданд. Аксар мухолифони кишвар боздошт ва ҳабс шуданд.

Аз замони шурӯи эътирозҳои Беларус дар моҳи август чандин нафар дар хушунатҳо кушта шуданд ва ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки алайҳи боздоштшудаҳо шиканҷа ба кор рафтааст. Худи Лукашенко роҳ ёфтани тақаллуб дар овоздиҳиро рад карда гуфтааст, ки бо Светлана Тихановская, номзади интихоботӣ аз мухолифон, ки мегӯяд, ӯ барандаи воқеии интихобот мебошад, музокира намекунад.

Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Канада ва дигар кишварҳо гуфтанд, ки пирӯзии Лукашенкои 66-соларо эътироф намекунанд ва нисбати ӯву дигар мақомдорони Беларус барои сохтакории натиҷаҳои интихобот ва саркӯби эътирозгарон таҳрим ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG