Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская гуфт, аз қудрат рафтани Лукашенко "танҳо масъалаи вақт аст"


Светлана Тихановская дар Бундестаг
Светлана Тихановская дар Бундестаг

Пешвои мухолифони Белорус Светлана Тихановская гуфт, ки аз қудрат рафтани Александр Лукашенко "танҳо масъалаи вақт аст". Лукашенко аз соли 1994 кишварро раҳбарӣ мекунад ва иддао дорад, ки дар интихоботи президентии моҳи августи имсол ҳам баранда шудааст.

Тихановская дар мусоҳиба бо маҷаллаи The New Yorker худро "раҳбари Белоруси демократӣ" номид ва гуфт, "шояд мардум дар мавсими зимистон натавонанд дар намоишҳои эътирозӣ фаъолона иштирок кунанд, вале Лукашенко аз назари сиёсӣ шикаста шуд ва дар ниҳоят суқут мекунад".

Ӯ гуфт, "аз назари фишорҳои иқтисодӣ ва ё чизи дигар, муҳим нест, вале ба зудӣ мардум дигар ӯро таҳаммул намекунанд. Бале, мардум хаста шудааст ва дар зимистон шояд камтар берун бароянд... Вале баҳорон дубора фаъол мешаванд."

Тихановская бо нигаронӣ аз амнияти хонаводааш баъди интихобот ба Литва рафт. Аз замони эътирозҳои сартосарӣ дар Белорус то кунун, ҳазорҳо нафар дастгир шуданд. Лукашенко то ҳол гуфтааст, ки аз қудрат рафтанӣ нест.

XS
SM
MD
LG