Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

198 "босмачӣ"-и дигарро дар Узбекистон "бахшиданд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 6-уми май 198 касеро "бахшид", ки дар солҳои 1920-1930-и асри гузашта аз сӯи низоми таъқибгари коммунистӣ бар асоси 11 парванда маҳкум шуда буданд.

Рӯйхати пурра дар сомонаи расмии Додгоҳи олии Узбекистон нашр шудааст.

Ба огаҳии Додгоҳи олии Узбекистон, қурбониён бо иттиҳомҳои "рафтори зиддиинқилобӣ", "шӯриши мусаллаҳона", "терроризм", "авбошӣ" ва ҷосусӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Хоразм, Бухоро, Ҷизах ва Намангони он кишвар маҳкум шудаанд.

Додгоҳи Узбекистон моҳи августи соли 2023 низ панҷ парвандаро бозбинӣ ва 240 таъқибшудаи дигарро бегуноҳ эълом карда буд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, моҳи августи соли 2021 гуфта буд, ки дар даврони Шӯравии собиқ 100 ҳазор узбекистонӣ таъқиб ва аз онҳо 13 ҳазорашон парронда шуда буданд. Дар Узбекистон 31-уми август Рӯзи гиромидошти қурбониёни таъқибҳо унвон шудааст.

XS
SM
MD
LG