Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Русия баъди савгандёдкунии Путин ба истеъфо рафт


Ҳукумати Русия баъди анҷоми маросими савгандёдкунии Владимир Путин дар мақоми президентии Русия, ба истеъфо рафт.

Ҳукумати кунунӣ то таъйини ҳайати нави ҳукумат муваққатан корашро идома медиҳад. Салоҳиятҳои дастгоҳи президент ҳам ба поён расидаанд.

Мумкин аст Путин ба зудӣ номзад ба мақоми раисии ҳукуматро пешниҳод кунад. Соли 2018 Путин номзад ба мақоми раисии ҳукуматро ду соат баъди ёд кардани савганд пешниҳод карда буд.

Манобеъ аз Русия мегӯянд, Путин сарвазири кунуниро иваз нахоҳад кард ва Михаил Мишустин раиси ҳукумат ва сарвазири Русия боқӣ хоҳад монд.

Вазиронро президент таъйин мекунад - бахши низомӣ ва вазири корҳои хориҷӣ баъди машварат бо Шӯрои федеролӣ аз сӯи президент таъйин мешаванд. Мақомҳои дигарро Думаи давлатии Русия бо пешниҳоди раиси ҳукумат таъйин мекунад.

Рӯзи 7 май дар Кремл маросими савгандёдкунии президенти Русия баргузор шуд. Путин бори панҷум ба курсии президентӣ нишаст. Ин муҳлати президентӣ бояд соли 2030 ба поён расад.

Ба маросими савгандёдкунӣ сафирони ҳамаи кишварҳо дар Русия даъват шуда буданд. Аммо бештари кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА, Бритониё ва қариб ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар он ҳузур надоштанд.

Ассамблеяи порлумони Шӯрои Аврупо ва Порлумони Аврупо интихоботи президентии ахирро дар Русия қонунӣ эътироф накарданд.

XS
SM
MD
LG