Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Демократия 1, Лукашенко 0". Минск аз мизбонии қаҳрамонии ҳоккейи ҷаҳон маҳрум шуд


Федератсияи байналмилалии ҳоккейи рӯи ях (IIHF) гуфт, ба далоили амниятӣ тасмим гирифтааст, ки макони баргузории мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2021-ро тағйир диҳад. Қарор буд, ки Латвия ва Белорус ба таври муштарак аз ин мусобиқа мизбонӣ кунанд. Ҳамакнун ё Литва ба танҳоӣ аз ин мусобиқа мизбонӣ мекунад ва ё кишвари дигар Ригаро дар ин мизбонӣ ҳамроҳӣ мекунад.

"Шӯрои IIHF муайян кард, ки дар ҳоли ҳозир таъмини амнияти дастаҳо, тамошобинон ва ашхоси расмӣ ҳангоми баргузории қаҳрамонии ҷаҳон дар Белорус ғайриимкон аст",-гуфта мешавад дар изҳорот.

Изҳороти 18-уми январ дар ҳолест, ки фишорҳои кишварҳои аврупоӣ ва сарпарастон алайҳи Белорус аз нақши шарики мизбони ин мусобиқа дар моҳҳои май-июн бештар шудааст.

Дар Белорус сар аз 9-уми августи соли 2020 то имрӯз мардуми норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи президентӣ ба кӯчаҳо мебароянд. Дар он интихобот Александр Лукашенко баранда эълом шуд, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст. Бисёре аз эътирозгарон боздошту ҳабс шуданд.

Маҳрум шудан аз мусобиқа зарбаи навбатӣ ба Александр Лукашенко мебошад, ки худро ҳамчун варзишгар ба тасвир медиҳад ва мунтазам ба рӯи ях баромада, ҳоккей бозӣ мекунад ва ин бозии дӯстдоштаи ӯст.

Рене Фазел, президенти IIHF, гуфт, ки хориҷ кардани дархости муштараки мизбонии Минск/Рига як чизи хеле таассуфовар аст ва илова намуд: "Дар ин раванд мо кӯшиш кардем, ки чемпионати ҷаҳонро ҳамчун воситаи мусолиҳа барои ором кардани масъалаҳои иҷтимоию сиёсии дар Беларус рухдода ва пайдо кардани роҳи мусбати пешрафт истифода барем".

"Дар ҳоле ки чемпионат набояд барои таблиғи сиёсӣ аз ҷониби ягон тараф истифода шавад, Шӯро эътироф кард, ки баргузории ин чорабинӣ дар Минск мувофиқи мақсад нест, вақте ки масъалаҳои бузургтаре барои ҳалли онҳо ва амнияти дастаҳо, тамошобинон ва ашхоси расмӣ афзалият доранд", - гуфт Фазел.

"Мо аз ҳад зиёд ташвиш надорем. Гузарад - мегузарад, нагузарад - нахоҳад гузашт. Аммо ҳеҷ сабабе нест, ки он нагузарад. Ин як расвоии комил хоҳад буд. Мо омода ҳастем, ки ҳатто фардо чемпионати ҷаҳонро баргузор кунем",-гуфт Александр Лукашенко дар шабакаи телевизионии "Россия 1".

Мухолифони Беларус ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Латвия, аз IIHF даъват карданд, ки иштироки Минскро лағв кунад, зеро Лукашенко тазоҳургаронеро, ки интихоботи августро баҳсбарангез мешуморанд, таъқиб кардааст.

Раҳбари мухолифони Белорус Светлана Тихановская мунтақил шудани макони мизбонии ин бозиҳоро як "гоми ҳакимона дар ҷиҳати дифоъ аз ҳуқуқи башар, шаффофияти варзишӣ ва ҳамкорӣ накардан бо режими Белорус" донист.

"Мо аз он, ки садои белорусиҳо шунида шуд, қадрдонӣ мекунем", - афзуд ӯ.
Ӯ дар канали"Телеграм"-и худ ин тасмими Федератсияи байналмилалии ҳоккейи рӯи яхро "пирӯзӣ" хонд ва гуфт "ҳеҷ мавҷи саркӯбе дигар вуҷуд нахоҳад дошт".

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Чех Томас Петрисек, ки аз мунтақидони мизбонии Минск аз ин мусобиқот буд, дар "Твиттер" навишт, "Демократия 1, Лукашенко 0".

Федератсияи байналмилаии ҳоккейи рӯи ях аз Дания ва Словакия ба унвони мизбонҳои эҳтимолӣ ном бурд. "Латвия ба танҳоӣ метавонад ин мусобиқаро баргузор кунад",-омадааст дар изҳороти Федератсияи байналмилалии ҳоккейи рӯи ях.

Вазири умури хориҷии Латвия Ергардс Ринкервис гуфт, ки кишвараш "ба ӯҳдадориҳои худ эҳтиром мегузорад" ва "омодаи арзёбӣ" аст, ки чигуна метавонад мизбони ин бозиҳо бошад.

XS
SM
MD
LG