Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хост, Тоҷикистону 56 кишвари дигар шаҳрвандонашро аз Сурия бигиранд. ВИДЕО


Урдугоҳе дар Сурия. Акс аз соли 2019
Урдугоҳе дар Сурия. Акс аз соли 2019

Ҳуқуқшиносони Созмони Милали Муттаҳид аз 57 кишвари узв хостаанд, тақрибан даҳ ҳазор шаҳрванди худро, ки дар урдугоҳҳои Сурия ва "дар вазъи бисёр бад" нигаҳдорӣ мешаванд, ба ватан баргардонанд. Ин афрод занону кӯдакони ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд.

Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, ин кишварҳо вазифадоранд, шаҳрвандони худро баргардонанд ва агар далели қонунӣ буд, калонсолонро дар додгоҳҳо муҳокима бикунанд. Дар қароргоҳҳои Ал-Ҳавл (Ал-Ҳол) ва Рож дар Сурия 64 ҳазору 600 нафар нигаҳдорӣ ва аз ҷониби мақомоти курд дар Сурия назорат мешаванд. 9 ҳазору 462 нафари онҳо хориҷӣ ва боқимонда шаҳрвандони Ироқу Сурия ҳастанд.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, тобистони соли 2020 дар паноҳгоҳи Рож 7 зан ва 17 кӯдаки тоҷик ва дар Ал-Ҳавл наздики 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсар ва кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ (гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ") ҳастанд, ки солҳои 2014-2016 барои пайвастан ба сафи ин гурӯҳ ба Сурия ва Ироқ рафта, пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 ба дасти нерӯҳои курд асир афтоданд.

Фионнела Нӣ Аолейн, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳимоят аз ҳуқуқи башар аз терроризм, дар як нишасти хабарӣ гуфт, "ин масъала фавқулода муҳим аст".

"Дар гузориш таъкид шудааст, ки шореҳони хеле зиёд аз ҳукуматҳо тақозо карданд, занону кӯдаконро бозпас бигиранд ва даъвати охирин аз Комиссионери ҳуқуқи башари СММ садо додааст. Вале бори аввал аст, ки гузоришгарони вижа якҷо шуда, дар бораи вусъати поймолшавии ҳуқуқи инсон дар урдугоҳҳо хеле рӯшан сӯҳбат карданд", -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

СММ аз 57 кишвари олам хост шаҳрвандонашонро аз урдугоҳҳои Сурия баргардонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Дар миёни 57 кишвар, аз ҷумла, номи Тоҷикистону Русия, Амрико, Бритониё, Чин, Фаронса ва кишварҳои дигар ёд мешавад.

Дипломатҳои тоҷик, ки соли гузашта аз қароргоҳҳо дар Сурия дидан кардаанд, мегӯянд, баъд аз ошноӣ бо вазъи онҳо масъалаи эҳтимоли истирдоди занону кӯдакон ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ҳанӯз тасмиме дар ин замина гирифта нашудааст.

Гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид аз шароити бисёр ваҳшатноки нигаҳдории бандиён дар қароргоҳҳо изҳори нигаронӣ ва ҳолати онҳоро ба боздошти ғайриқонунии зиндониҳо дар зиндони Гунтанамо монанд кардааст.

XS
SM
MD
LG