Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷангҷӯён аз Айн Исо. Тоҷикон ҳам ҳастанд? ВИДЕО


Курдҳо мегӯянд, бо оғози амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия камаш 800 нафар аз урдугоҳи "Айн Исо" фирор кардаанд. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар миёни онҳо ба камияш як зани тоҷик бо ду кӯдакаш будааст. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи расмӣ дар ҳоли ҳозир имконнопазир аст.

Ҷониби Тоҷикистон, ки қаблан нақша дошт, занону кӯдаконро аз Сурия ба кишвар баргардонад, ҳанӯз дар бораи фирори ҳамсарону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик ва ё вазъияти онҳо чизе нагуфтааст. Қаблан як намояндаи мақомот гуфта буд, оғози амалиёти Туркия иҷрои нақшаи онҳоро ба таъхир гузоштааст.

Аксар занону кӯдакони тоҷик дар урдугоҳҳои "Рож" ва "Ал-Ҳол" нигаҳдорӣ мешаванд. Чанд нафари онҳо дар паноҳгоҳи "Айн Исо" буданд. Мақомоти Тоҷикистон шумораи умумии онҳоро дар урдугоҳҳои Сурия 575 нафар шумурдаанд.

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Дар кишварҳои дигар аз сарнавишти занону кӯдаконе, ки аз урдугоҳҳои шимоли Сурия гурехтаанд, ташвиш доранд. Фотиҳа ном хонуме аз Белгия талош дорад, духтару завҷаи писарашро ҳамроҳ бо шаш наберааш ба ин кишвар баргардонад.

Фотиҳа рӯзи 16-уми октябр ба хабаргузории “Рейтерс” гуфт, то ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия онҳо дар урдугоҳи “Айн Исо” буданд ва ҳоло дар биёбоне қарор доранд. “Воқеан, иттилои зиёд надорам. Курдҳо дари урдугоҳро боз намуда, ба онҳо гуфтаанд, ки гурезанд. То ҷое медонам, онҳо дар биёбон мебошанд. Дақиқ гуфта наметавонам, ки дар куҷо?" – афзуд ӯ.

Наздикони Фотиҳа дар авҷи пирӯзиҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба он ҳамроҳ шуда, соли 2017, вақте даҳшатафканон назорати пойтахташон – шаҳри Раққаро аз даст доданд, худро ба курдҳои Сурия таслим намуданд.

Ибтидо духтар, келин ва шаш набераи Фотиҳа дар маҳбас буда, баъди ду моҳ ба урдугоҳи “Айн Исо” интиқол ёфта буданд. "Мо барои Белгия хатар надорем. Мехоҳем мардум моро фаҳмад" -- мегӯяд ӯ.

Соли гузашта Фотиҳа қазияро ба додгоҳ кашида, мехост давлати Белгияро маҷбур кунад, ки духтару келин ва набераҳояшро бозгардонад. Моҳи феврали имсол додгоҳ даъвои Фотиҳаро рад кард. Мақомоти Белгия хавф доранд, ки иҷозати бозгашт ба наздикони Фотиҳа ҷангҷӯёни дигар ва аҳли оилаҳои онҳоро барои бозгашт ба Аврупо ташвиқ хоҳад кард.

Фотиҳа аз он хашмгин аст, ки давлати Белгия қабл аз ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия аҳли оилаашро барнагардонд: "Ман хеле шикаставу нороҳатам. Давлати Белгия имкон дошт, онҳоро баргардонад. Давоми ду сол имкон буд, ки онҳо ба Белгия баргарданд. Ҳозир намедонам, ки духтарону набераҳоям дар куҷо ҳастанд? Ҳеҷ хоби ором надорам. Ҳаштод дар сади андешаҳоям дар бораи онҳост."

Дар суҳбат бо хабарнигори “Рейтерс” дипломатҳои ғарбӣ гуфтанд, ки феълан кишварҳои аврупоӣ талош доранд, як барномаи интиқоли ҳазорҳо ҷангҷӯи маҳбуси ДОИШ аз зиндонҳои шимоли Сурия ба Ироқро тарҳрезиву амалӣ кунанд, то аз фирори ҷиҳодиён ва бозгашти онҳо ба Аврупо ҷилавгирӣ шавад.

Идомаи бархӯрдҳои низомӣ эҳтимоли фирори ҷангҷӯёни боздоштшударо тақвият мебахшад. Дар ҳамин ҳол Фотиҳа мегӯяд, духтару келинаш ба ҷое гурехтанӣ нестанд. Онҳо намедонанд, ки ба кӣ худро таслим кунанд.

Ҳафтаи гузашта чандин зани тоҷик аз урдугоҳҳои воқеъ дар шимоли Сурия, ки асосан зери назорати курдҳо ҳастанд, аз тақдири ояндаи худу кӯдаконашон изҳори нигаронӣ карда буданд.

Пештар Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи занону кӯдакон дар паноҳгоҳи Ал-Ҳоли Сурия, ки бузургтарин паноҳгоҳи занон -- ҳамсарони ҷангҷӯёни хориҷии ДИИШ аст, изҳори нигаронӣ кард. Ин созмон дар гузорише гуфт, кӯдакону занон гуруснагӣ мекашанд.

Дар ин паноҳгоҳ 10 ҳазор зану кӯдаки хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки дар миёнашон беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик низ ҳаст. Ҳоло тамос бо баъзе аз занҳои тоҷик қатъ шудааст. Баъзеи дигар мегӯянд, вазъ бадтар шуда, онҳоро бо хатари шадиди гуруснагӣ ва марг рӯ ба рӯ кардааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG