Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ баъди ДИИШ. Оё кӯдакони баргашта аз Ироқу Сурия мутобиқ мешаванд?


Оғози ҳамлаи Туркия ба манотиқи курднишинии шимоли Сурия садҳо занони тоҷикро, ки дар урдугоҳҳи артиши курдҳо ба сар мебаранд, шадидан нигарон кардааст. Бино бар маълумоти ахир ҷангҳо ҳоло дар 40-километрии ин урдугоҳҳо ҷараён доранд ва то рафт ба онҳо наздиктар мешаванд.

Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа аллакай даҳҳо кӯдакро, ки замоне дар қаламрави "Давлати исломӣ" зиндагӣ мекарданд, бозгардониданд ва дар ин росто корро пеш мебаранд. Вале масъалаи мутобиқ шудани кӯдакон ва дар ҷомеаи дунявӣ комилан ба зиндагии муқаррарӣ баргаштани онҳо ҳанӯз матраҳ аст.

Марҳилаи дувуми бозгардонӣ

Мақомоти Тоҷикистон ахиран изҳори омодагӣ барои бозгардонии занону кӯдакон аз урдугоҳҳои Сурия карданд, ки ба арзёбии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар шароити риққатборе зиндагӣ мекунанд. Ин иттилоъро 5-уми октябр сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода таъйид кард ва гуфт, ки бо супориши ҳукумат дар Димишқ қарор дорад ва бо мақомоти ин кишвар ва мухолифини мусаллаҳ барои бозгардонии шаҳрвандони тоҷик ба ватан вориди гуфтушунид шудааст.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар ҳоли ҳозир дар урдугоҳҳои гурезаҳои Сурия на камтар аз 575 зану кӯдак – аъзои хонаводаи ҷангиёне, ки чанд сол пештар ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, буду бош мекунанд.

"Тақрибан 90 нафари онҳо зан, бештар аз 200 нафарашон духтар ва 240 нафари дигарашон писар мебошанд. Кӯдакон аз синни 1 то 17-солаанд. 132 нафари онҳо дар як ду соли охир таваллуд шудаанд. Аксари кӯдакон ятими кулланд, падару модар надоранд. Ин омори охирин нест, дар воқеъ шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон метавонад хеле бештар бошад",-навишта буд Радиои Озодӣ чанде пештар бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон.

Агар мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти Сурия ба тавофуқ бирасанд, ин дувумин марҳилаи бозгардонии шаҳрвандон аз қаламрави Ховари Миёна мебошад. Пештар, 30-юми апрел, Душанбеи расмӣ ба Тоҷикистон 84 кӯдаки ҷангиёни аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро аз Бағдод бозгардонида буд. Модарони бештари ин кӯдакон дар зиндонҳои Ироқ барои шарикӣ дар гурӯҳҳои зикршуда адои ҷазо мекунанд.

Рӯйкардҳои гуногун ба мутобиқшавӣ

Ҷомеаи Тоҷикистон тасмими мақомот дар мавриди бозгардонии кӯдаконро хеле муштоқона истиқбол намуд. Расонаҳо ҳатто хабар доданд, ки ҳудуди 35 хонавода барои фарзандхонӣ дархост кардаанд. Хешовандони дуру наздики кӯдакон ҳам борҳо омодагии худро барои зери назар гирифтани онҳо изҳор намуданд. Бо вуҷуди ин, мақомот барои хонаводаҳо додани кӯдакон шитоб намекунанд.

CABAR.asia ахиран бо такя ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед навишт, ки 44 кӯдаки аз 1 то 5-сола ба хонаи кӯдакони шумораи 2-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд ва 33 кӯдаки синни мактабӣ ба интернатҳо ва хонаи кӯдакон тақсим шуданд. Ба гуфтаи муовини вазир, ин кӯдакон оҳиста-оҳиста бар асоси асноди таъйидкунандаи шахсият гардонида мешаванд.

Пештар, равоншиносони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки барои ҳар чӣ зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба мақомоти тоҷик тавсия додаанд, ки онҳоро ба хонаводаҳо тақдим кунанд. Ба назар мерасад, ки мақомот ва мутахассисони созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли ин мавзуъ рӯйкардҳои гуногун доранд.

"Равишҳҳои ҳамашумул вуҷуд надоранд"

Равоншиноси тоҷик Марям Давлатова бар ин назар аст, ки рӯйкардҳои гуногуни давлат ва созмонҳои байналмилалӣ ба ин далел аст, ки ин як падидаи комилан нав аст, ки роҳҳали ҳамашумул надорад. "Ҳатто агар онҳо дар интернатҳо нигоҳубин шаванд, хешутаборашон бояд онҳоро зуд-зуд хабар бигиранд. Онҳо бояд меҳру муҳаббат ва арзиш доштани худро эҳсос кунанд. Ин барои мутобиқ шудани онҳо хеле муҳим аст",- мегӯяд Давлатова.

Равоншиноси дигар Евгения Ким ҳам чунин андеша дорад ва мегӯяд, ки равиши кор бо ин гуна афрод тоза коркард мешавад. "Ба ҷуз ин, равишҳое, ки дар Русия ва ё кишварҳои аврупоӣ коркард шудаанд, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сад дар сад мувофиқ намеоянд. Онҳоро бояд бо дар назар гирифтани зеҳният, забон ва қолабҳои гендерии дар минтақа паҳншуда, мутобиқ ва такмил кард. Дар ғайри сурат таъсири онҳо хеле поин хоҳад буд",-мегӯяд равоншинос.

Тарсу умедвориҳо

Баъзе аз коршиносон ба сабаби тамоюли иҷтимоии онҳо ба хушунат таҳдидҳои муайянеро аз сӯйи онҳо ба атрофиён ном мебаранд. Ин андешаро дар мусоҳиба бо CABAR.asia ҷомеашиноси тоҷик Назрӣ Асадзода изҳор дошт. Ӯ гуфт, ки "бо дар назар гирифтани дидгоҳҳои ифротгароёнаи бархе аз ноболиғон, беҳтар аст онҳо дар шароити хос нигоҳубин шаванд ва ба онҳо ёрии равоншиносиву маърифатӣ расонида шавад".

Евгения Ким таъкид мекунад, ки имкони тавонбахшии кӯдакон дар қадами аввл аз меъёрҳои синну солӣ вобаста аст. Агар кӯдак ҳанӯз қодир ба ҷазб шудан ба идеяҳои радикалӣ набошад, кӯдакони номактабхон ва мактабхони синфҳои поёнӣ ба андозаи лозим калон шудаанд, ки ҷаҳони атрофро дарк кунанд, вале ба андозае бузург нашудаанд, ки иттилооти пазируфтаашонро ба таври интиқодӣ арзёбӣ намоянд.

"Ба ҷуз ин, ман нигарони як нукта ҳастам. Фарз кардем, ки кӯдаки ҳафт-даҳсола медонад, ки падару модараш кушта шуданд. Эҳтимол аст, ки шояд ӯ бидонад, ки чаро ин рух дод. Дер ё зуд, ӯ аз атрофиён ва ё худаш мепурсад - ба ин ки ман падару модар надорам, кӣ гунаҳкор аст? Кӣ ва барои чӣ онҳоро кушт? Ҷавоби ин ки "онҳоро одамони хубе барои он, ки волидайнат бад буданд ва рафтори нодуруст кардан"-ро кӯдак намепазирад. Волидайнаш барои ӯ наметавонанд бад бошанд. Ин маънои онро дорад, ки ӯро фиреб медиҳанд ва ӯ барои марги наздиконаш қасос хоҳад гирифт",- нигарониҳояшро шарик месозад равоншинос.

Вале ба гуфтаи равоншиноси тоҷик Маҳмадулло Давлатов, ки ба таҳқиқи вазъи равонии кӯдакони аз Ироқ баргашта машғул аст, онҳо ба мутобиқшавии ибтидоиро бомуваффақият гузаштанд ва ҳоло ба ёрии ҳирфаии фароғатӣ ниёз доранд.

"Дар осоишгоҳи “Харангон” кӯдакон 1-2 моҳ мутобиқшавии ибтидоиро пушти сар карданд. Бо қарор гирифтан дар дигар ҷой, онҳо ба муқосиа кардани ду воқеият пардохтанд – хонаи тоҷикӣ ва зиндони Ироқ. Дар ин марҳила онҳо "хуб"-ро аз "бад" фарқ карданд, диданд, ки шакли дигари муносибат миёни инсонҳо ҳам вуҷуд доштааст. Ҳоло зарур аст, ки мутахассисон дар идома бо онҳо бояд хеле боэҳтиёт кор кунанд”,-мегӯяд Давлатов.

Ӯ таъкид мекунад, ки кор бояд вобаста ба синну сол, хусусиятҳои равонӣ ва муҳите, ки онҳо дар он зистаанд ва ҳоло зиндагӣ мекунанд, роҳандозӣ шавад.

"Тоҷикистон ниёз ба мутахассисон дорад"

Равоншинос Марям Давлатова мегӯяд, ки барои тавонбахшии муассири кӯдакон, дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, ба ҷуз баъзе истисноҳои Қазоқистон, мутахассисони зарурӣ намерасанд. "Агар шумораи кӯдакони бозгардонида биафзояд, мушкил бештар қобили таваҷҷуҳ мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мутахассисонро бодиққат омода кард, инро намешавад дар чор соли таҳсил анҷом дод. Дар мо кадрҳоро омода мекунанд ва иҷозатномаи мутахассиси умумӣ медиҳанд, вале ин комилан маънои онро надорад, ки онҳо бо кӯдакон кор карда метавонанд".

Ба ҷуз Тоҷикистон, таҷрибаи бозгардонидани шаҳрвандони худ аз Ироқу Сурияро Қазоқистону Узбакистон ҳам дар моҳи майи имсол пушти сар карданд. Аз ҷумла, мақомоти Қазоқистон аз минтақаҳои ҷангӣ 231 шаҳрванд - 16 мард, 69 зан ва 156 кӯдакро бозпас оварданд. Узбекистон ҳам 156 зану кӯдакро боз гардонид.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар мавриди тавонбахшии иҷтимоиву равоншиносӣ ҳар кишвар талош дорад равиши худро коркард кунад.

XS
SM
MD
LG