Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт аз хона ба паноҳгоҳ. Чаро ироқиҳо ба Мавсил намераванд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Садҳо хонавода аз шаҳри нимавайронаи Мавсили Ироқ, ки ду сол пеш аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" озод шуд, баъд аз тарки урдугоҳ дигарбора ба инҷо баргаштаанд.

Хаймааш холист, худаш бекор. Оилааш аз ҳисоби кумакҳои башарӣ зиндагӣ мекунад. Ниҳоя Исо ночор дар урдугоҳи Ироқ зиндагӣ мекунад, чун дар зодгоҳаш шаҳри Мавсил ҷойи иқомат надорад.

Ин шаҳрро дар шимоли Ироқ ду сол пеш аз дасти ҷангҷӯёни ДОИШ озод карданд, аммо даҳҳо ҳазор сокинонаш, ки дар урдугоҳҳо паноҳ ёфтанд, хонаҳояшон барнагаштаанд. Ниҳоя Исо яке аз онҳост.

“Вақте ба Мавсил баргаштам, хонаамро наёфтам, чун вайрон шуда буд. Иҷора ҳам гирифта натавонистам, чун пул надорам. Барои ҳамин дигарбора ба урдугоҳ баргаштам”, -- нақл кард ӯ.

Дар Ироқ як миллиону 600 ҳазор беҷошуда мондаанд ва 300 ҳазор нафарашон фақат аз Мавсил ҳастанд. Бисёре аз урдугоҳҳои паноҳҷӯён мисли шаҳри комил, вале аз хайма шудаанд. Идораи муҳоҷирати Мавсил мегӯяд, рӯзона 25 оила хонаҳои вайронаашонро тарк карда, дар ҷустуҷӯи шароити беҳтар ба урдугоҳҳо бармегарданд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Бозгашт аз хона ба урдугоҳ. Чаро ироқиҳо ба Мавсил намераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Холид Исмоил, раиси идораи паноҳандагон ва муҳоҷирати Мавсил мегӯяд: “Баъд аз оғози амалиёт барои озод кардани вилояти Найнаво беш аз 14 урдугоҳ таъсис додем. Дар онҳо беш аз 34 ҳазор хонавода зиндагӣ мекунанд. Бештар аз як сол аст, ки мо ҳар рӯз муҳоҷирати баръаксро мебинем.”

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, тақрибан 30 ҳазор паноҳҷӯи бозгашта аз Мавсил дар шароити баде зиндагӣ мекунанд. Қисмати шарқии шаҳр камтар осеб дидааст, аммо дар канори рӯди Даҷла, шаҳри кӯҳнаи Мавсил ба харобазор табдил ёфтааст.

Амир Саъдулло сокини ҳамин гӯшаи Мавсил аст. Ӯ мегӯяд: “Мо ночор баргаштем, ҳарчанд зиндагӣ инҷо имконнопазир аст. Маҷбур будем баргардем, чун дар шарқи Мавсил хонаи иҷора гарон аст ва мо пул надорем.”

Барои баъзе аз оилаҳои ночору фақири ироқӣ ҳамин харобаҳо, ки андаке бом доранд, ҳоло хона шудаанд.

Ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шаҳри Мавсилро соли 2014 ишғол карданд, ҳамон соле ки қаламравҳои васеи Ироқу Сурия ба дасташон афтода буд. Мавсил такягоҳи бузург ва охирини гурӯҳ дар Ироқ буд ва даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик низ бо зану фарзандони худ дар онҷо қарор доштанд.

Артиши Ироқ бо пуштибонии нерӯҳои ҳавоии Эътилофи ба раҳбарии Амрико моҳи июли соли 2017 ин шаҳрро аз дасти ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” озод кард.

Дар ҷараёни амалиёт баъзе аз ҷангҷӯёни тоҷик куштаву боздошт ва занону кӯдаконашон ба паноҳгоҳҳо бурда шуданд. Дертар мақомоти Тоҷикистон беш аз 80 кӯдакро ба кишвар оварданд. Додгоҳҳои Ироқ беш аз чиҳил зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон ва ҳабси абад маҳкум карданд.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG