Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Амонатбонк" 41 миллион сомонии муштариёнро бе иҷозаи онҳо "гирифтаанд". ВИДЕО


Бинои "Амонатбонк"
Бинои "Амонатбонк"

Дар пайи санҷиш ё аудити Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар бонки давлатии "Амонатбонк", беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Палати ҳисоб, ин маблағ аз суратҳисоби муштариён бе иҷозати онҳо гирифта шудааст. Санҷиш фаъолияти ин бонк дар солҳои 2018-2019 ва нимсолаи аввали соли 2020-ро дар бар гирифтааст.

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, рӯзи 4-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, аксари ин маблағҳо ба филиали рақами панҷи "Амонатбонк", воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рост меояд. Мақомоти Палатаи ҳисоб гуфтанд, ки ҳамакнун 23,6 миллион сомонии он барқарор шудаааст.

Аз рӯи ин амали кормандони "Амонатбонк", ба Додситонии кулли Тоҷикистон санад пешниҳод шуда, нисбат ба мудири шуъба, сармуҳосиб ва хазинадори намояндагии шумораи панҷуми бонк дар Душанбе парванда боз шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Палатаи ҳисоб, ин афрод дар боздошт ҳастанд.

Масъулони "Амонатбонк" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қазияи боздошти кормандонашон хабар доранд ва ҳафтаи оянда зимни нишасти хабарӣ масъаларо шарҳ хоҳанд дод.

Палатаи ҳисоб дар "Амонатбонк" 41 миллион сомонӣ камомад ошкор кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

"Амонатбонк"-ро дар гузашта ҳам барои роҳ додан ба тақаллуб борҳо танқид кардаанд. Моҳи январи соли 2019 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баъзе аз кормандони "Амонатбонк"-ро ба дуздии маблағи буҷа ва пасандози муштариён муттаҳам кард.

Пештар Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули бонки давлатии "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт карда буд. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.

"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон аст, ки дар саросари кишвар намояндагӣ дошта, масъули пардохти нафақаи бознишастагон ва дигар кумакҳои иҷтимоии давлатӣ аст.

XS
SM
MD
LG