Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти қирғиз гуфтанд, ҳамсари Асанов дар бозпурсӣ аз ҳуш нарафтааст


Кулнора Усенканова, ҳамсари Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ва номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми бозпурсӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар аз ҳуш рафтааст.

Кулнора Усенкова дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Айни замон Усенкова дар беморхона бистарӣ шудааст. Дар ин бора вакили мудофеи вай Таалайгул Токтакунова хабар дод.

Токтакунова гуфт, Усенковаро рӯзи 11-уми январ ба бозпурсӣ даъват карданд. "Вай бе вакили мудофеъ ба бозпурсӣ рафт. Дар дохили КДАМ чӣ воқеа рух дод, барои ман ошкор нест. Аммо ин далел воқеият дорад, ки Усеноваро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба Госпитали миллӣ бурданд. Табибон гуфтанд, агар каме таъхир мешуд, мумкин буд, кор аз кор мегузашт", - гуфт Таалайгул Токтакунова.

Маркази матбуотии КДАМ рӯзи 13-уми январ хабар дод, ки вазъи ҳамсари Асанов то бозпурсӣ бад буд.

КДАМ ҳамчунин пештар хабар дода буд, ки нисбати ҳамсари муовини пешини ВКД Курсан Асанов бо моддаи қаллобӣ дар ҳаҷми калон тафтишотро шуруъ кардааст. Ба иттилои тафтишот, Кулнора Усенкова солҳои 2017-2018 аз шаҳрванд А.О. дар ҳаҷми бештар аз 5 миллион доллар барои пешбурди тиҷорати муштарак маблағ гирифта, барнагардонидааст.

Расонаҳо хабар доданд, ки Кулнора Усенкова дар гузашта ба тиҷорат машғул буд, вале баъдтар ҳамаи ширкатҳояшро баст.

Курсан Асанов, шавҳари Кулнора Усенкова дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қирғизистон ширкат кард ва ба иттилои расмӣ, 0,5 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG