Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се шаҳрванди Тоҷикистон аз Литва ҳаққи паноҳандагӣ хостаанд


Гузаргоҳе дар сарҳади Белорус бо Литва. Акс аз моҳи сентябри соли 2020
Гузаргоҳе дар сарҳади Белорус бо Литва. Акс аз моҳи сентябри соли 2020

Се тоҷикистонӣ (падару ду писар), ки бо гумони ғайриқонунӣ гузаштани марзи Белорус бо Литва дастгир шудаанд, аз ҳукумати ин кишвар ҳаққи паноҳандагӣ хостаанд.

Масъулони Хадамоти марзбонии Литва дар эъломияе рӯзи 5-уми январ гуфтанд, падару писаронашро дар деҳаи Даугидоняйи ноҳияи Шалчининкай боздошт карданд. "Онҳо каме бо русӣ гап мезаданд ва худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардаву нусхаи шиносномаро нишон доданд", -- гуфта шудааст дар эъломия.

Ба иттилои расмӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз дархости ҳаққи паноҳандагӣ ба дидбонгоҳи Шалчинанкай бурда шудаанд, ҷое, ки барои хоҳишмандони дарёфти мақоми гуреза ҳуҷраҳои махсус дорад. Ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон ва далели фирори онҳо аз кишвар гуфта нашудааст.

Мақомоти Литва гуфтаанд, ҳоло дархости паноҳандагии падару писаронашро аз Тоҷикистон маъмурони идораи муҳоҷират баррасӣ доранд ва бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот онҳоро ҷобаҷо хоҳанд кард. Ҳамчунин онҳо аз ташхиси бемории коронавируси нав мегузаранд.

Аз соли 2015 ба ин тараф даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо далелҳои гуногун, аз ҷумла фаъолиятҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва ё пайравӣ аз равияҳои мамнӯи динӣ ба Аврупо паноҳ бурдаанд.

Аксари онҳо дар Лаҳистону Олмон ва Австрияву Литва ҳастанд. Бар асоси оморҳои мухталиф наздик ба панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Аврупо ҷӯёи паноҳандагӣ шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ беш аз се ҳазор нафарро, ки асосан дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, бо иттиҳоми терроризму ифротгароӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Дар миёни онҳо даҳҳо фаъоли сиёсӣ дар Аврупо низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG