Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон 681 кас аз "илтиҳоби шуш" фавтидаанд, 19 нафар аз коронавирус


Беморхонае дар вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ.
Беморхонае дар вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ.

Манобеъ дар Идораи тандурустии вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар нӯҳ моҳи соли 2020 дар минтақа 681 кас аз бемории илтиҳоби шуш ё "пневмония" фавтидаанд. Ин рақам дар муқоиса ба нӯҳ моҳи соли 2019-ум 94 маврид зиёд аст.

Як ҳамсуҳбати мо дар идораи тандурустии Хатлон бо шарти зикр нашудани номаш 8-уми январ гуфт, “дар умум, соли гузашта омори фавтидагон афзоиш ёфт”, вале сабабҳояшро шарҳ надод. Танҳо гуфт, "дар нӯҳ моҳ 10 ҳазору 288 кас фавтиданд. Дар ҳамин давраи соли 2019 марги 9 ҳазору 532 нафар сабт шуда буд”.

Дар ин миён, ба қавли мусоҳиби мо, 19 нафарро ҳамчун қурбонии бемории COVID-19 дар Хатлон сабт кардаанд.

Соли гузашта Вазорати тандурустии Тоҷикистон иллати марги чандин нафарро, ки бо нишонаҳои наздик ба COVID-19 фавтида, зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн шуданд, илтиҳоби шуш маънидод карданд.

Бино бар ин, шубҳаҳо ба омори расмии қурбониёни бемории ҳамагир дар Тоҷикистон то ҳанӯз боқист. Иддае ба ин назаранд, ки вазорат омори воқеиро пинҳон медорад ё сабабҳои марги одамонро касалиҳои дигаре ба монанди қанду фишорбаландӣ ва дилу илтиҳоби шуш мегӯяд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз охири моҳи апрели соли гузашта то кунун дар кишвар 90 кас аз коронавируси нав ҷон бохтаанд. Ба иттилои расмӣ, “зиёда аз 13300 кас бемор шуда, тақрибан 99 дарсади онҳо шифо ёфтаанд”.

Аз оғози соли 2021 мақомот пайиҳам дар бораи сабт нашудани ҳолатҳои гирифтории мардум ба бемории ҳамагир паём медиҳанд, аммо мегӯянд, беш аз 60 нафар дар хонаҳои худ зери назорати пизишкон ҳастанд. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

XS
SM
MD
LG