Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Дар Тоҷикистон 90 нафар аз коронавируси нав ҷон бохтанд


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҳашт моҳи гузашта 90 нафар аз бемории COVID-19 ҷон бохтаанд.

Тоҷикистон танҳо охири моҳи апрел ва дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мавҷудияти бемории ҳамагирро эътироф кард. То он дам марги пайиҳами сокинонро дар бемористонҳо ба "илтиҳоби шуш" рабт медод.

Ҳоло низ шубҳаҳо ба омори расмӣ дар бораи беморон ва ҷонбохтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Радиои Озодӣ то кунун рӯйхати 231 нафарро ҷамъ овардааст, ки бино бар тасдиқи пайвандон, пизишкон ва навиштаи расонаҳо аз коронавируси нав ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел то 26-уми декабр дар Тоҷикистон бемории ҳамагир ба 13 ҳазору 172 кас сироят кардааст. Мақомот мегӯянд, беш аз 96 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, шумори умумии беморон рӯзи 26-уми декабр ба беш аз 80 ҳазор расид. 1348 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG