Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте сари муаллимро буриданд... Аврупо мубориза бо ифротгароиро бештар мекунад


Моҳи октябр ҳазорон фаронсавӣ ба буридани сари омӯзгор аз ҷониби як ҷавони мусалмон эътироз карданд.

Соли 2020 ҳам Аврупо дар қаламраваш бо терроризм мубориза бурд ва Иттиҳоди Аврупо қарор кард, ки дар дохили ҷомеаи худ бо ифротгароӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ тавассути интернет мубориза барад.

Тавре Ҳенрӣ Рингвелл гузориш медиҳад, Иттиҳоди Аврупо талош дорад, ки бидуни дар инзиво гузоштани ақаллиятҳо, арзишҳои худро дар муқобили терроризм ҳимоят кунад.

Ҳамлаҳое, ки Аврупо дар гузашта шоҳидаш шуд, дубора моҳи сентябр баргаштанд. Дар назди дафтари маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” чор нафар бо зарби корд маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса чор сол баъди он рух дод, ки афроди мусаллаҳ дар ҳамлае ба ҳамин идора 12 нафарро куштанд. Ин ҳодиса баъди нашри тасвирҳои танзомез ё карикатураҳо нисбати паёмбари Ислом Муҳаммад рух дод.

Ҳамин расмҳоро дар дарс оид ба озодии баён дар як мактаби канораҳои Париж омӯзгор Самюэл Патӣ ҳам имсол истифода кард. Моҳи окятбр як ноболиғи чечентабор дар берун аз мактаб ба омӯзгор ҳамла карда, аввал ӯро бо корд маҷрӯҳ кард ва баъд сарашро бурид. Се рӯз баъди ин ҳодиса се нафар дар як калисони шаҳри Нитс кушта шуданд. Ҳамлагарон – ифротгароҳои исломӣ ба Фаронса ҳамчун паноҳанда аз Тунис омада буданд.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, ки барномаи зидди ифротгароиро муаррифӣ мекард, Исломро “дине дар ҳолати бӯҳрон” дар саросари ҷаҳон номид. Вай гуфт, “шаҳрвандони мо имрӯз бояд мавриди ҳимоят қарор бигиранд. Шаҳрвандони мо, онҳое, ки динашон Ислом аст, дар муқобили он душманоне, ки Исломи ифротӣ аст, бояд дар кишвари мо ҳимоят шаванд”.

Изҳороти ӯ дар ҷаҳони Ислом хашму эътироз барангехт. Вале президенти Фаронса ба ин чизҳо аҳамият надод. Ӯ бар зидди муллоҳои ифротгаро иқдом карду чандин масҷидро баст ва аз раҳбарони мусалмонон хост, ки аз арзишҳои ҷумҳурии Фаронса ҳимоят кунанд.

Ҷулӣ Норман, таҳлилгари масоили амниятӣ аз Донишгоҳи Лондон мегӯяд, “ин як сахтиест барои бисёр кишварҳое, ки дар талоши муқовимат ба ифротгароиву терроризманд."

"Чӣ гуна шумо ҳамчун як давлат бо роҳҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз ҳамлаҳову таъмини амният иқдом мекунед ва айни замон шаҳрвандонро аз ҳам ҷудо намекунед ва озодиҳои шаҳрвандиву ҳамгироии фарҳангиро нигоҳ медоред?”--Суол гузошт ӯ.

Моҳи ноябр дар нуқтаи дигари Аврупо – шаҳри Венаи Австрия аз дасти ҳамлаварони мусаллаҳ чор нафар кушта ва 23 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлагар як ҳавохоҳи “Давлати исломӣ” буд, ки исмаш барои хадамоти амният ношинос набуд.

Ҳукуматҳои аврупоӣ иқдом карданд, ки барои тақвияти марзҳо ба хотири ошкоркунии ифротгароҳо муттаҳид шаванд. Себастиан Куртс, садри аъзами Австрия гуфт, "онҳо соати бомбаро фаъол кардаанд ва агар мо бихоҳем, ки ҳамаи озодиҳои худро ҳимоят кунем, бояд озодиҳои ин нафаронро маҳдуд намоем".

Вале таҳлилгарони масоили терроризм мегӯянд, ки хатари асосӣ аз онҳое мерӯяд, ки ба истилоҳ террористони дохилиянд, яъне онҳое, ки дар Аврупо ифротгаро шудаанд.

Ҷулӣ Норман мегӯяд, "фикри ба истилоҳ айбдор кардани сиёсати муҳоҷират ва ё айбдор кадани муҳоҷирону паноҳҷӯён то андозае хатост. Ин на танҳо хатари бегуноҳ айбдор кардани ҷомеаҳоро боло мебарад, балки дар асл ин манбаи аксари хатарҳонест".

Саҷҷон Гоҳел, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, ки ҷудокарданҳои сиёсӣ ба фоидаи ифротгароҳост. “Вақте тафриқаву ҷудоиандозӣ вуҷуд дорад, ин чиз боиси зуҳур кардани гуруҳҳои террористӣ мешавад. Вале Аврупо бояд ҳамеша арзишҳои худро ҳимоят кунад, чун озодии баён, бо ин ки гоҳо баҳсбарангез аст, бисёр муҳим мебошад”,--гуфт Саҷҷон.

Бо ин ки Аврупо дар талоши муқобила бо ифротишавӣ аст, терроризми ростгаро як мушкили афзояндаи дигар мебошад. Хадамоти амнияти Бритониё гуфт, ки соли 2020 аз 27 нақшаи террористии ошкоршуда 8 ҳолаташ кори дасти ифротгароҳои ростгаро буданд.

XS
SM
MD
LG