Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноболиғе, ки дар куштори омӯзгори фаронсавӣ гумонбар буд, дар Чеченистон ба хок супурда шуд


Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар расми хоксупории омӯзгор Самюэл Пати. 21 октябри соли 2020
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар расми хоксупории омӯзгор Самюэл Пати. 21 октябри соли 2020

Ноболиғи чечентаборе, ки дар миёнаҳои моҳи октябр баъди қатли омӯзгори фаронсавӣ худаш ҳам дар амалиёти таъқиби полис кушта шуд, рӯзи 7 декабр дар рустои волидонаш дар Ҷумҳурии Чеченистони Қафқози Шимолӣ ба хок супурда шуд.

Маросими дафни Абдуллоҳ Анзорови 18-сола дар рустои Шалажии ноҳияи Урус-Мардони Чеченистон бо ҳузуди тахминан 200 мард баргузор шуд. Ҷасади ӯро рӯзе пеш тавассути Туркия ба ватан интиқол доданд. Дар маросими хоксупорӣ назму тартиботро ходимони полис назорат мекарданд ва намегузоштанд, ки бегонаҳо дар он иштирок кунанд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ мақомоти Фаронса гуфтанд, ки куштори омӯзгори 47-сола Самюэл Пати кори дасти як муҳоҷир аз Маскав буд. Анзоров дар он гумонбар мешуд, ки омӯзгори мактабро дар канораҳои Париж сар бурида куштааст. Ин ҳодиса чанд рӯз баъди он рух дод, ки омӯзгори ҷуғрофиёву таърих дар дарси мактаб ба шогирдонаш дар бораи озодии баён сӯҳбат карда, карикатураҳои Муҳаммад пайғамбарро намоиш додааст. Чунин кори омӯзгор мояи хашми бархе шогирдону волидонашон шуд, чун дар дини Ислом ҳама гуна наққошии чеҳраи пайғамбар куфр шумурда мешавад. Дар Фаронса тахминан 5 миллион мусалмон ба сар мебарад ва дар миёни онҳо паноҳандаҳои чечен ҳам кам нестанд.

XS
SM
MD
LG