Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон пас аз ҳамла дар Нис: "Фаронса таслим нахоҳад шуд"


Раиси ҷумҳури Фаронса пас аз ҳамла ба як калисо ба шаҳри Нис рафт.
Раиси ҷумҳури Фаронса пас аз ҳамла ба як калисо ба шаҳри Нис рафт.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамла ба корд дар шаҳри Нисро "ҳамлаи террористии исломгароён" хонд ва гуфт, Фаронса дар дифоъ аз арзишҳои худ ҳаргиз таслими террор нахоҳад шуд. Макрон сипас аз пайравони ҳамаи динҳо хост, ки ба ихтилоф ва ҷудоиандозӣ тан надиҳанд.

Дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба калисое дар шаҳри Нис се нафар кушта шуданд ва шахси ҳамлавар сари яке аз қурбониёнро бурид. Шаҳрдори Нис гуфт, шахси ҳамлакунанда аз тири пулис захмӣ ва сипас боздошт шудааст.

Ҳанӯз сабабҳои ин ҳамла дақиқан маълум нашудааст, вале шаҳрдори Нис ин ҳамларо бо сар буридани Самуэл Пати, як муаллим дар шаҳри Порис дар ҳафтаи гузашта, муқоиса кард. Як марди чечентабори зодаи Русия бо номи "Абдуллоҳ" гуфта буд, ки бинобар нишон додани тасвирҳои танзомези паёмбари ислом ба мактабхонҳо, ин муаллимро ба қатл расондааст.

Дар пайи қатли Самуэл Пати, мақомоти Фаронса бар ҳаққи нашр ва намоиши ин тасвирҳои танзомез таъкид карданд. Ин кор, ки аз нигоҳи мусалмонон таҳқир ва тавҳин ба муқаддасот дониста мешавад, хашми бахши бузурге аз мусалмононро дар кишварҳои мухталиф ба миён овард.

Бархе аз гурӯҳҳо ва сарони кишварҳо, аз ҷумла Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия хостори таҳрими молу колои фаронсавӣ шуданд. Раҳбарони Эрону Покистон бо нашри баёнияҳо, ин амалкарди мақомоти Фаронсаро ба боди интиқод кашиданд. Шуморе аз кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс молу колои фаронсавиро таҳрим карданд.

Рӯзи панҷшанбе як фарди мусаллаҳ бо корд ба консулгарии Фаронса дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳамла намуд ва яке аз муҳофизони ин биноро маҷрӯҳ кард.

Эммануэл Макрон рӯзи панҷшанбе дар суханронии худ дар ҷои ҳодиса дар шаҳри Нис гуфт, "Фаронса ба сабаби арзишҳои ҷомеаи мо ва дифоъ аз озодӣ ва ҳаққи озодии ақида дар ин сарзамин мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ман як бори дигар ошкор эълон мекунам, ки ақибнишинӣ нахоҳем кард".

Раиси ҷумҳури Фаронса эълом кард, ки ҳукумат барои ҳифозат аз нуқтаҳои ҳассос дар саросари кишвар, аз ҷумла ибодатгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ ҳазорон сарбози дигарро сафарбар кардааст.

Вазири умури дохилии Фаронса аз мардум хост, ки ба ҷойи ҳодиса дар маркази шаҳри Нис нараванд ва афзуд, ки як ҷаласаи изтирорӣ барои баррасии вазъ дар дафтари Вазорати умури дохилӣ баргузор шудааст.

Шаҳри Нис дар 14-уми июли соли 2016 шоҳиди яке аз маргбортарин ҳамлаҳо дар таърихи муосири Фаронса буд. Дар ҷараёни он як марди 31-солаи тунисӣ бо рондани як мошини борбар ба анбуҳи одамон, 86 нафарро кушт.

Яке аз раҳбарони Шӯрои мусалмонони Фаронса ҳамлаи рӯзи панҷшанбе дар маркази шаҳри Нисро маҳкум кард ва гуфт, "ҳамчун нишонаи ҳамбастагӣ бо қурбониён ва азизони он, аз ҳамаи мусалмонон хостаем, ки маросими таваллуди паёмбарро лағв кунанд".

Антони Гутерриш, дабири кулли СММ ҳамлаи Нисро маҳкум кардааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар "Твиттер" навишт, ки ин ҳамлаҳо бояд бетаъхир қатъ шавад ва ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Фаронса набояд ин ҳамлаҳоро таҳаммул кунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ирсоли нома ба раиси ҷумҳури Фаронса, бо қурбониёни ин ҳамла ва мардуми Фаронса ибрози ҳамдардӣ кард. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё низ дар баёнияе гуфт, ки ин кишвар дар мубориза бо террор дар паҳлӯи Фаронса хоҳад истод.

XS
SM
MD
LG