Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгори кушташудаи фаронсавӣ баъди маргаш бо ҷоизаи мӯътабари давлатӣ қадрдонӣ мешавад


Зане бо акси Самюэл Пати истодааст
Зане бо акси Самюэл Пати истодааст

Бо қарори ҳукумати Фаронса омӯзгори таърих Самюэл Пати, ки ҳафтаи гузашта дар канораҳои Париж сар бурида шуд, баъди маргаш бо мукофоти олии кишвар – ордени Легиони фахрӣ - ҷоизаи мӯътабартарини давлатӣ, қадрдонӣ мешавад. Дар ин бора дар телевизиони BFM TV вазири маориф Жан-Мишел Бланке хабар дод. Ин як ҳодисаи нодир аст, ки як шахсро дар Фаронса баъди маргаш бо чунин як ҷоизаи фахрӣ қадрдонӣ бикунанд. Вазир гуфт, “азиятҳои ӯ сазовори чунин ҷоиза мебошад”. Қарор аст маросими тақдими ҷоиза 20-уми октябр дар маркази шаҳри Париж – Сорбонн баргузор шавад.

Патии 47-сола рӯзи ҷумъаи 16-уми октябр кушта шуд. Чанде пеш аз қатлаш ӯ ба шогирдон дар мактаб карикатураҳои маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар бораи пайғамбар Муҳаммадро нишон дода, дар бораи баҳси озодии баён сӯҳбат кардааст. Баъди ин омӯзгор чандин бор таҳдид шунид.

Гумонбари содир кардани ин куштор – як ҷавони 18-солаи зодаи Маскав Абдулло Анзоров буд, ки соли 2008 оилааш аз мақомоти Фаронса дархости паноҳандагӣ кардааст. Дар амалиёти боздошти Анзоров ӯ кушта шуд. Ин қазия, ки боиси эътирозу раҳпаймоиҳои серҷамъият дар Фаронса шуд, ҳамчун амали террористӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

XS
SM
MD
LG