Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон ба имомон фурсат дод, ки "арзишҳои ҷумҳурии Фаронсаро бипазиранд"


Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса аз роҳбарони мусалмонон дар кишвараш даъват кард, ки барои муқобила бо исломгароӣ маншур ё хартияи арзишҳои ҷумҳуриро бипазиранд. Макрон 18-уми ноябр бо намояндагони Шӯрои фарҳангии мусалмонон дар Фаронса мулоқот кард ва барои қабули маншур ё хартия ба онҳо 15 рӯз вақт дод.

Ба гуфтаи роҳбари Фаронса, дар маншур бояд арзишҳои ҷумҳурӣ муқаддам арзёбӣ шавад ва ислом ҳамчун яке аз динҳо муаррифӣ гардад, на ҳаракати сиёсӣ. “Ба ҷуз ин, дахолати хориҷӣ ба фаъолияти мусалмонони Фаронса мамнуъ эълом шавад”, -- гуфтааст Макрон.

Шӯрои фарҳангии мусалмонон дар навбати худ вазифадор шудааст, шӯрои давлатии имомон - мақоми махсусеро таъсис диҳад, ки имомҳоро дар Фаронса тасдиқ хоҳад кард. Ин шӯро салоҳият хоҳад дошт, ки дар сурати мутобиқат накардан ба маншур имомҳоро аз мақом барканор кунад. Ба ин Шӯро 9 ҷамъияти мусалмонони Фаронса шомил мешаванд. 3 ҷамъияти ин шӯро асосҳои ҷумҳуриро қабул надоранд.

Макрон дар мулоқот бо имомон дар бораи тарҳи нави қонуни мубориза бо исломгароӣ, барои пешгирӣ аз тундгароии мусалмонон, хабар дод. Дар асоси ин тарҳ, омӯзиш додани ислом ба кӯдакон дар шароити хона мамнуъ мешавад. Интизор меравад, девони вазирони Фаронса ин тарҳро рӯзи 9-уми декабр баррасӣ кунад.

Чанде пеш дар Фаронса пайи ҳам чанд ҳамла сурат гирифт, ки ба навиштаи расонаҳо, мусалмонони тундгаро анҷом додаанд. Миёнаҳои моҳи сентябр Абдуллоҳ Анзоров, чечентаборе аз Маскав, омӯзгор Самюэл Патиро дар наздикии Париж ба қатл расонд. Ин омӯзгор бо хонандагон озодии баёнро муҳокима ва дар ҷараёни дарс карикатураҳои пайғамбар Муҳаммадро нишон додааст.

XS
SM
MD
LG