Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар марз" -- филм дар бораи низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар Теҳрон ҷоиза гирифт


Искандар Усмонов, филмноманависи тоҷик.

Ҷоизаи филмноманависи Тоҷикистон ва коргардони Қирғизистон барои филми "Дар марз", аз Теҳрон ба Душанбе расид. Дар моҳи майи соли равон бо омода шудани матни филмнома ё худ сенария ва дастбакор шудани коргардони қирғиз, Радиои Озодӣ таҳти унвони "Низоъҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба пардаи синамо мекӯчанд", гузориш пахш карда буд.

Искандар Усмонов, филмноманависи тоҷик аз Конибодом дар тамоси телефонӣ гуфт, рӯзи 22-юми декабр ҷом ва дипломи ҷоиза аз Теҳрон ба дасти онҳо расид. Вай гуфт, филми "Дар марз" ба як ҷашнвораи байналмилалӣ, ки охирҳои моҳи ноябр дар Теҳрон баргузор шуд, пешниҳод шуда буд. Ба гуфтаи вай, ин ҷоиза туҳфаи пулӣ ҳам дорад, вале ҳануз дастрас накардааст.

Искандар Усмонов мегӯяд, филми "Дар марз" дар студияи "Қирғизфилм" пурра ба навор гирифта шуд ва дар нақши муйсафед -- қаҳрамони аслӣ, ҳунарпешаи театри Конибодом Умаралӣ Сатторов бозӣ кардааст.

"Лаҳзаҳои филм дар яке аз маҳалаҳои марзии "Гулистон"-и миёни Тоҷикистону Қириғизистон ба навор гирифта шудааст. Ҳунарпешаҳоеро, ки дар нақши сарҳадбонон бозӣ мекунанд, ситоди Кумитаи марзбонии Қирғизистон бо автомати "Калашников" таъмин кард",-мегӯяд филмноманависи тоҷик.

Гузаргоҳи марзии "Гулистон" - "Қарамиқ" дар гузашта аз мавзеъҳои пурбаҳси миёни ду кишвар буд.

Қаблан Искандар Усмонов гуфта буд, ҳадаф аз ин филм нишон додани ҳолатҳои муноқишаву хархашаҳо дар деҳоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки бо сабабҳои ночиз сар мезананд, бузург карда мешаванд ва пеш аз ҳама ба сокинони деҳоти ду тараф зарари ҷониву молӣ мерасонанд.

Тинчтик Абулқосимов, коргардони филм аз Қирғизистон дар суҳбати телефонӣ аз Бишкек ба Радиои Озодӣ гуфта буд, филмномаро ба як хондан писандида ва ба таҳияи он даст задааст. "Мавзуи ин филм барои мардуми Қирғизистону Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва матни он ба ман маъқул омаду тасмим гирифтам онро ҳамроҳ наворбардорӣ кунем",-афзуд ӯ.

ДОСТОНИ ФИЛМ ЧИСТ?

Дар ин филм "як муйсафед аз деҳаи марзии Гулистони Исфара баъди шунидани хушхабари таваллуд шудани наберааш мехоҳад, ба деҳаи "Қирмиз"-и тарафи Қирғизистон ояд, аммо ҳангоми убур аз пайроҳа аз тарафи ду марзбони қирғиз боздошт шуда, зери мили силоҳ мавриди пурсиш қарор мегирад. Дар айни пурсиши муйсафед ду сарҳадбони тоҷик низ меоянду мили автоматҳои худро ба сӯи муйсафед дошта, ӯро ҳамчун "ҷосус" суолборон мекунанд.

Муйсафед ба хурҷине, ки дар пушти хараш гузоштааст, даст бурда, туҳфаву хурданиҳоро берун меорад ва мегӯяд, дар Қирмиз писараш, ки бо як духтари қирғиз издивоҷ намудааст, соҳиби писар шудааст ва ӯ барои дидани набераву табрики писар ва арусаш меравад.

Дар ҳолате, ки баҳси сарҳадбонони ҳарду тараф бо муйсафед шадид мешавад, миёни марзбонони ду тараф баҳси дигар мехезад, ки наздик ба тирандозӣ мешавад. Ҳарду тараф муйсафедро боздошт кардан мехоҳад. Ӯро ҳамчунин барои муҷозот ба тарафи Тоҷикистон бурданӣ мешаванд, аммо марзбонони қирғиз мехоҳанд, ӯро дар ихтиёри хеш гиранд.

Ҳамин вақт набераи калонии пирмард дар дасташ дунояк ё найчае барои гузоштан дар гаҳвора, ки навзод аз он пешоб хоҳад кард, давида меояд ва ба дасти бобояш дода, мегӯяд, ҳама чиро гирифтаасту инро фаромуш кардааст. Номи шартии филм низ дар ҳоли ҳозир ҳамин аст: "Ман чиро фаромуш кардаам?" Бино бар филмнома, вазъ лаҳза ба лаҳза шиддат мегирад ва фазоро пур мекунад.

Аммо пас аз чанде садои шайпуру карнай баланд мешавад ва хешовандони муйсафед, ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо савори мошин ҳозир шуда, бо оғоз кардани як базм, марзбонони тоҷику қирғизро ба рақс меоранд ва бо мусолиҳа баҳси гумону шубҳаҳо поён меёбад.

ФИЛМ ЯК РУЙДОДИ ВОҚЕӢ АСТ

Ончӣ дар филм дида мешавад, ба рӯйдодҳои воқеӣ бастагӣ мегирад. Воқеияти марзӣ ин аст, ки мардуми тоҷик ва қирғизи ду сӯи сарҳад дар умум хостории зиндагии орому осуда ва пойдории сулҳу саботанд. Вале дар ҳолатҳои сар задани муноқишаву низоъҳои марзӣ бархе аз сокинон хабарҳову наворҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд, ки мардумро ба ҳалли мушкилот ба истифода аз зӯр даъват мекунанд ва ба оташи муноқиша рӯған мерезанд.

Аҳолии маҳалҳои наздимарзии ду кишвар дар Исфараву Бодканд ва Бобоҷон Ғафурову Лайлак аз солҳо ба ин тараф канори ҳам, дар як кӯча ё ду сӯи роҳ зиндагӣ доранд ва аз як ҷӯ об менӯшанду аз як роҳ ва чарогоҳ истифода мекунанд. Гоҳе сари истифода аз ин манобеъ байни сокинон муноқишаву низоъҳо сар мезанад, ки ба хунрезӣ низ поён меёбанд.

ТАНИШҲОИ ҲАМЕШАГӢ ДАР МАРЗ

Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон чизи нав нест. Тақрибан ҳар моҳ хабарҳо дар бораи муноқишаҳои хурду бузург асосан миёни сокинони ду тарафи марз расонаӣ мешавад. Ин муноқишаҳо дар гузашта чандин кушта барҷой гузоштааст.

Дар муноқишаи рӯзҳои 13 -14 марти соли гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди тоҷик куштаву беш аз 20 кас маҷруҳ шуданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он, байни байни вилоятҳои Суғду Бодканд муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG