Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани як зан дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тайиба Сафарова, сокини 24-солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, рӯзи 29-уми декабр дар марз бо деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон “аз тири силоҳи шикорӣ” захмӣ шудааст. Як манбаъ дар ҳукумати Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, “мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд”. Ба иттилои ӯ, “зани маҷруҳ бо ёрии ҳамдеҳагонаш ба бемористони марказии Исфара интиқол ёфта, ҷарроҳӣ шудааст”.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон расман дар ин бора ҳеч иттилоъ ва шарҳе надодаанд ва ҷузъиёти ҳодиса маълум нест. Рӯшан нест, ҳодиса тасодуфӣ будааст, ё барқасдона ва тир аз куҷо зада шудааст.

Аммо чанд нафар, аз ҷумла сухангӯи ҳукумати Исфара дар “Фейсбук” навиштаанд, “тирпарронӣ замоне сурат гирифт, ки Тайиба Сафарова барои гирифтани об аз хонааш ба берун баромада буд.”

Як намояндаи ҳукумати Бодканд эҳтимоли даст доштани сокинони Қирғизистонро дар ин ҳодиса рад кардааст. Чолпон Бердиқулова, намояндаи ҳукумати Бодканд, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, “ба маълумоти ибтидоӣ ҳодиса дар ҳудуди Тоҷикистон ва дар пайи муноқишаи оилавӣ рух додааст”. “Шаҳрвандони Қирғизистон ба ин ҳодиса ҳеч рабт надоранд”, -- илова кардааст ӯ.

Ҳоли ҳозир тасдиқи дурустии ин хабар аз манобеи дигар ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Турмуш”-и Қирғизистон навишт, мақомоти идораи умури дохилии Исфара ва Бодканд бо ҳузури намояндаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин маврид мулоқот кардаанд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, сокинони Куктош гуфтаанд, ки “садои тирро нашуниданд ва ягон захмиро низ надиданд”.

Хабаргузорӣ бо такя ба мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, “вазъ дар сарҳад муътадил аст”.

Деҳаҳои Сомониён ва Куктош аз мавзеъҳои ҳанӯз мушаххаснашудаи сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд ва гоҳу ногоҳ мардум ба сари соҳиб шудан ба манобеи обу замин, баҳсу муноқиша мекунанд.

Дар моҳи декабр дастикам чаҳор бор байни сокинони Исфараву Бодканд дар мавзеи Сомониён сангандозиву роҳбандӣ сурат гирифтааст.

Бори охир рӯзи 18-уми декабр миёни сокинони ду деҳа муноқиша сар зада, баъдан, ба гуфтаи мақомот, ба тирпаронии марзбонони ду кишвар боис шуд. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, сокинони наздимарзии Қирғизистон як хонандаи мактаб ва имоми маҳаллаи тоҷиконро латту кӯб карданд. Ҷониби Қирғизистон сокинони Исфараро ба он муттаҳам кард, ки як шаҳрванди ин кишварро латту кӯб намуданд.

Мақомоти қирғиз аз захмӣ шудани як корманди умури дохилии он кишвар ва панҷ каси дигар хабар доданд. Ҷониби Тоҷикистон аз маҷруҳ шудани се нафар.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад ва то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Як далели дармондани ҷонибҳо дар ҳалли масоили баҳсӣ ин аст, ки ҳарду ҷониб харитаҳои солҳои гуногуни Шӯравиро ҳамчун асос дар даъвоҳои марзии кишварҳояшон истифода мекунанд.

Қитъаҳои замин ва манбаъҳои обии дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ барои чӯпонон ва сокинони ҳар ду кишвар дастрас, ҳоло моликияти яке аз тарафҳо гаштаанд ва ҳар кадоме ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG