Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳқиқи тирпарронӣ дар марз


Муовинони нахуствазири Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ кардаанд, ки сангандозӣ ва тирпарронӣ дар марзро "муштарак ва ҳамаҷониба" таҳқиқ кунанд. Муноқиша дар байни деҳаи Сомониёни Исфара ва Куктоши Бодканд шаби 9 ба 10-уми январ сар зад. Ҷонибҳо дар сар задани ҳодиса якдигарро гунаҳкор медонанд.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳайати Тоҷикистонро дар музокироти марзӣ роҳбарӣ мекунад, рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни суҳбат бо ҳамтои қирғизаш Ҷениш Раззоқов таъкид кардааст, ки бояд пеши роҳи муноқишаҳо гирифта шавад ва гунаҳкорон ҷазо гиранд. "Чӣ хеле, маслиҳатҳои қаблӣ буд, вақте гунаҳкор ҷазо мегирад, пеш аз онки як сангеро бардорад, даҳ бор фикр мекунад,” – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории расмии Қирғизистон "Кабар" ҳам аз ҷараёни гуфтугӯи телефонии Ҷениш Раззоқов ва Азим Иброҳим хабар дод. Бино ба он, ҷонибҳо дар бораи пешгирӣ "аз шиддати вазъият ва амалҳои иғвогарона" тавофуқ карданд.

Тибқи навиштаи расонаҳои Қирғизистон, қарор аст, моҳи январ вохӯрии навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи муайян кардани хатти марз баргузор шавад.

Тирпарронӣ аз ҷониби Тоҷикистон буд, ё Қирғизистон?

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи сабабҳои сар задани муноқишаи шаби 9 ба 10-уми январ фарзияҳои гуногунро пешниҳод мекунанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ бо пахши изҳорот шаҳрвандони Қирғизистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор кард. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки афроди номаълум ба сӯи шаҳрвандони Қирғизистон тирпарронӣ карда, сипас дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи мошинҳои сокинони Тоҷикистон сангпартоӣ карда, баъдан аз силоҳ истифода бурдаанд.

Дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, "шоми 9-уми январ гурӯҳи бузурги сокинони маҳаллаи Кӯктош, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд, ба гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳи деҳаи Сомониён монеа эҷод карданд".

"Тахминан соати 21:30 мошинаи тамғаи "Мерседес Бенс"-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд. Дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00.10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг заданд", -- гуфта мешавад дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар изҳороти худ гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон мошинеро дар маҳалли Кочо-Карин сангборон кардаанд. Ин мошин аз Бодканд ба Кӯктош равон буд ва шишаи пеши мошин шикаста шудааст. Сипас, ба иттилои Хадамоти марзбонӣ, "тақрибан соати 2:40 дақиқа шаҳрвандони Тоҷикистон ҳавлии шаҳрванди Қирғизистон дар маҳалли Дахмаро сангборон карданд".

"Марзбононе, ки якҷо бо намояндаҳои сохторҳои қудратӣ ба сӯи манзили шаҳрванди Қирғизистон равон буданд, аз қаламрави Тоҷикистон аз камони шикорӣ тирборон шуданд", -- гуфтаанд дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон ва афзудаанд, "тирпарронӣ бо таваққуф ва танҳо аз самти Тоҷикистон сурат мегирифт".

Дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, соати 2-и шаби 10-уми январ сокинони маҳаллаи Куктош аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд. Инчунин ба гуфтаи мақомоти тоҷик, соатҳои тақрибан 4-и субҳ аз тарафи Қирғизистон бо камони шикорӣ ба мошини шахсии корманди Шӯъбаи корҳои дохилии Исфара Фарҳод Икромзода тирандозӣ шуд.

"Хушбахтона, тир ба дари мошина бархӯрда, ба худи ронанда зарар нарасидааст", -- омадааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон.

Ҳарду тараф мегӯянд, феълан вазъ дар марз зери назорат аст. Як гурӯҳи тафтишотӣ аз мақомоти ду кишвар ба гуфтаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон, ба фаъолият оғоз карданд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар миёни шаҳрвандони Қирғизистон осебдидаҳо ҳастанд ва шишаҳои мошинҳо шикаста шудаанд. Дар бораи осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи ахир хабари расмие нашр нашудааст.

Деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ канори ҳам ҷойгиранд. Ин ду деҳа аз мавзеъҳои ҳанӯз мушаххаснашудаи сарҳадӣ ба шумор мераванд, ки дар он тоҷикону қирғизҳо паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд ва гоҳе байни онҳо сари соҳиб шудан ба манобеи обу замин баҳсу муноқишаҳо рух медиҳад.

Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон, ки асосан байни сокинон сар мезанад дар гузашта чандин кушта барҷой гузоштааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (13)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG