Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати сафири Тоҷикистон ба ВКХ-и Қирғизистон барои гуфтаҳои генерал Навҷувонов


Абдулло Навҷувонов дар байн
Абдулло Навҷувонов дар байн

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон нисбат ба гуфтаҳои генерал Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар бораи мақоми Бодканд ибрози нигаронӣ кардааст.

Расонаҳои Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал гузориш доданд, ки Навҷувонов дар нишасти матбуотӣ Бодкандро сарзамини қирғизҳо эътироф накардааст.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 14-уми феврал Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар ин кишварро даъват кардаанд. Дафтари матбуотии вазорат гуфт, дар ин суҳбат ҷониби Бишкек нигаронии худро дар робита ба суханони мақоми баландпояи тоҷик баён дошт.

Бино ба ин иттилоия, Навҷувонов дар нишасти хабарии ду рӯз пеш гуфтааст, "агар таърихро варақ занем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд". Ӯ инчунин гуфтааст, "гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду ба онҳо замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 12-уми феврал гузориш дод, ки генерал Абдулло Навҷувонов дар нишасти хабарии Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл кардааст. Ӯ дар бораи инки ин мушкилот аз куҷо пайдо шуд, гуфтааст, "инро барои мо гузаштагон ба мерос монданд".

Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков
Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков

Дар изҳороти ҷониби Қирғизистон омадааст, "раҳбари мақомоти қудратии вилояти Суғди Тоҷикистон ба таҳрифи таърих ва тақаллуби фактҳо машғул аст". Вазорат мегӯяд, дар ин суҳбат ба сафири Тоҷикистон таъкид шудааст, ки чунин гуфтаҳои мақоми баландпоя ва бахусус намояндаи ниҳоди қудратӣ ҷоиз нест.

Вазорат афзудааст, баръакс ҷонибҳо бо супориши раиси ҷумҳурони ду кишвар барои пешгирӣ аз иғвоҳо ва изҳороти моҷаробарангез бояд кор баранд.

Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, умед дорад, Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дар оянда ин иттифоқ дигар такрор намешавад.

Тоҷикистон ҳанӯз ба ин мавзуъ вокуниш накардааст.

Абдулло Навҷувонов моҳи январи имсол ба мақоми сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд таъин шуд. Вай қаблан дар мансаби муовини вазири корҳои дохилӣ фаъолият дошт.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

Моҳи январи имсол ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара ба мувофиқа расиданд, ки баъзе аз минтақаҳоро табодул мекунанд.

XS
SM
MD
LG