Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш шарики "Тесак" дар кушторҳои қавмӣ гунаҳгор шуданд


Максим Мартсинкевич, маъруф бо лақаби Тесак моҳи сентябри соли ҷорӣ дар боздошт даргузашт. Сабабаҳои марги ӯ норӯшан аст, бархе гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст
Максим Мартсинкевич, маъруф бо лақаби Тесак моҳи сентябри соли ҷорӣ дар боздошт даргузашт. Сабабаҳои марги ӯ норӯшан аст, бархе гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст

Шаш шарики эҳтимолии як миллатгарои ашаддии рус Максим Мартсинкевич, ки моҳи сентябр дар шароити мармуз дар боздоштгоҳ даргузашт, барои куштор бо ангезаҳои бадбинии қавмии зодагони Осиёи Марказӣ гунаҳгор дониста шуданд. Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко рӯзи 23 декабр гуфт, ки ин шаш нафар - Андрей Кайл, Александр Лисенков, Максим Хотулев, Павел Хрулёв-Мишкин, Алексей Гудилин ва Семён Токмаков дар шаҳрҳои Маскав, Сочи ва Тюмен дар тафтишоти муштараки ВКД ва ФСБ дар куштор гунаҳгор дониста шуданд. Петренко гуфт, ки ин шаш нафар дар миёнаҳои солҳои 2000-ум “даст ба куштори ду ва зиёда нафар бар асоси бадбинии қавмӣ” даст зада, дар кушторҳои чандин зодагони ОМ гунаҳгор мешаванд. Ӯ гуфт, ки яке аз гунаҳгорон худи Мартсинкевич буд, ки раҳбарии гурӯҳҳои ифротии ростгарои “Формат 18” ва “Реструкт”-ро ба ӯҳда дошт. Мартсинкевич 36 сол дошт ва ӯро бо лақаби Тесак ҳам бештар ёд мекарданд. Аз ҷумла ҷинояти сар аз тан ҷудо кардани Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири кории тоҷикро дар соли 2007 ба гуруҳи марбут ба Марсинкевич рабт медиҳанд.

Дар соли 2012 як Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон ӯро барои шиносоӣ бо ҳаёти мардум ва таърихи кишвар ба Тоҷикистон даъват карда буд. Тесак" пас аз бозгашташ ба Маскав таассуроти худ аз Тоҷикистонро дар радиои интернетияш нақл кард. Максим ба ҷои тарғиби меҳмоннавозӣ ва меҳрубониҳои тоҷикон, баръакс дар навиштаҳову гуфтаҳояш онҳоро ба риштаи тамасхур кашидааст.

Ҷасади Тесак моҳи сентябр дар як боздоштгоҳи шаҳри Челябинск ошкор шуд.

XS
SM
MD
LG