Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як қавмгарои рус дар ҷангал пайдо шуд


Акси Максим Мартсинкевич маъруф бо лақаби Тесак. Артем Костилев, яке аз ҳамсафони ӯ буд
Акси Максим Мартсинкевич маъруф бо лақаби Тесак. Артем Костилев, яке аз ҳамсафони ӯ буд

Ҷасади Артем Костилев, як ҳамсафи қавмгарои рус Максим Мартсинкевич маъруф бо лақаби Тесакро дар ҷангале канори шаҳри Красногорски Русия пайдо карданд.

Костилев ва Марсинкевич дар қатли бераҳмонаи муҳоҷирон, аз ҷумла сар аз тан ҷудо кардани муҳоҷирони кории тоҷик, даст доштанд.

Онҷонсиҳои хабарии РИА Новости ва ТАСС-и Русия рӯзи 27-уми октбяр дар такя ба манобеи худ дар мақомоти қудратии Русия навитанд, ки ҷасади Костилевро шахсе, ки замбуруғ мечид, дар ҷангале канори шаҳри Красногорск мушоҳида кард.

Ба навиштаи расонаҳои Русия тафтишот фарзияи худкушии Костилевро баррасӣ дорад.

Марги Костилев дар ҳолест, ки ҷасади Максим Марсинкевич маъруф бо лақаби Тесакро низ аз ҳуҷраи якнафараи боздоштгоҳи шаҳри Челябинск субҳи 16-уми сентябр пайдо карданд. Тибқи маълумоти пешакӣ Марсинкевич пеш аз маргаш нома навиштааст. Вакили мудофеъ ва пайвандони ин миллатгарои рус ба худкушии ӯ шубҳа доранд. Марсинкевич бояд ба ҳайси шоҳид дар як мурофиаи додгоҳии дигар дар шаҳри Маскав иштирок мекард.

Дар охири моҳи декабри соли 2018 додгоҳи Бабушинский Марсинкевичро ба ҳамла ба одамон бо баҳонаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта ба 10 соли зиндон маҳкум карда буд. Баъдан, додгоҳи Сиктивкар иттиҳоми барангехтани кинаву адовати қавмиро аз парванди ӯ соқит намуда, 9 сол аз муҳлати ҳукмаш кам карда буд. Ин қавмгарои рус дар гузашта барои саҳнасозии қатли як муҳоҷири тоҷик зиндонӣ шуда буд.

Аз ҷумла ҷинояти сар аз тан ҷудо кардани Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири кории тоҷикро дар соли 2007 ба гуруҳи марбут ба Марсинкевич рабт медиҳанд.

Дар соли 2012 як Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон ӯро барои шиносоӣ бо ҳаёти мардум ва таърихи кишвар ба Тоҷикистон даъват карда буд. Тесак" пас аз бозгашташ ба Маскав таассуроти худ аз Тоҷикистонро дар радиои интернетияш нақл кард. Максим ба ҷои тарғиби меҳмоннавозӣ ва меҳрубониҳои тоҷикон, баръакс дар навиштаҳову гуфтаҳояш онҳоро ба риштаи тамасхур кашидааст.

Костилев ва Мартсинкевич ҳарду узви Ҳизби миллатгароёни халқӣ ва ҳаракати "Форум 18" буданд. Аъзои ин ҳаракат ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна ва қафқозтаборон борҳо ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG