Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди солҳо "танаффус" гази Узбекистон ба Суғд расид, аммо мардум дар навбати аввал нестанд. ВИДЕО


Мақомот гуфтанд, дар навбати аввал ба корхонаҳои саноатӣ газ медиҳанд
Мақомот гуфтанд, дар навбати аввал ба корхонаҳои саноатӣ газ медиҳанд

Пас аз чанд соли "танаффус", рӯзи 23-юми декабр, гази табии Узбекистон ба вилояти Суғд расид. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев содироти гази ин кишварро ба хориҷа маҳдуд кард.

Зимистони имсола дар Узбекистон хеле сард омад ва боис ба қатъ шудани интиқоли нирӯи барқ гардид. Ҳоло маълум нест, дастури Мирзиёев ба интиқоли гази табиӣ ба вилояти Суғд ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт.

Намояндагони ширкати "Суғдиёнгаз" 23-юми декабр дар мавзеи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд гулхан афрӯхтанд ва сокинонро аз омадани гази табиӣ аз Узбекистон огоҳ карданд. Абдуҳаким Сӯфиев, мудири ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои харидани гази табиӣ бо “Узтрансгаз” созишнома бастаанд. “Ҳоло ҳар куб газро аз Узбекистон ба 130 доллар мегирем. Ин нарх даҳ сол пеш аз 340 то 360 доллар буд”, -- шарҳ дод вай.

Омадани гази табиӣ беш аз ҳама сокинонро хушҳол кардааст, ки дар фасли сармо хонаҳояшонро бо барқу ангишт ва ё таппаку ҳезму гарм мекунанд. Вале масъулони “Суғдиёнгаз” гуфтанд, санаи расондани газ ба хонаҳои заминиву баландошёнаи аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд маълум нест.

Ба қавли онҳо, дар навбати аввал додани газ ба корхонаҳои саноатӣ дар назар аст ва то кунун бо моликони беш аз сад корхона ба тавофуқ расидаанд.

Илова ба ин, баъзе аз сокинон ба сабаби солҳо набудани газ хатҳои онро дар хонаҳояшон буридаанд. Ҳоло нигарон ҳастанд, ки дар сурати дубора интиқол ёфтани гази табиӣ ба манзилашон низ омода нестанд аз он истифода кунанд, зеро насби дубораи лӯлаҳои газ фурсату харҷ мехоҳад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Гази табии Узбекистон ба вилояти Суғд расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Масъулони ширкати "Суғдиёнгаз" мегӯянд, барои барқарор кардани лӯлаҳои харобшудаи газ дар хонаҳои мардум муваззаф нестанд. Моҳбону Бобоҷонова, сокини шаҳри Хуҷанд, гуфт: "Ба сабаби он ки вазъи молии оилаҳо вазнин аст, хуб мешуд, корхона дубора лӯлаҳоро бо ҳисобкунакҳо васл мекард. Мо дар посух ба он кӯшиш мекунем, ҳаққи истифодаи газро саривақт супорем."

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинон пурсиданд, ки нархи истифода аз гази табиӣ чӣ қадар хоҳад буд. Намояндаи ширкати “Суғдиёнгаз” гуфт, нархи гази табиӣ барои мардуму корхонаҳо аз ду сомонӣ гарон нахоҳад буд, дар ҳоле ки қимати як литр гази моеъ беш аз 4 сомонӣ аст.

Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон пурра қатъ карда буд. Дар гузашта ҳукумати Тоҷикистон борҳо талош кардааст, азсаргирии воридоти гази табииро аз Узбекистон бо мақомоти кишвари ҳамсоя матраҳ кунад, аммо ҳукумати раисҷумҳури пешин Ислом Каримов ҳамвора посухи рад додааст ва ё дар иваз пули бештаре хостааст.

XS
SM
MD
LG