Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони деҳае дар Турсунзода 10 сол боз барқу об надоранд. Мақомот "бехабаранд"? ВИДЕО


Маҳаллаи навбунёд дар шаҳри Турсунзода

Чиҳил хонавода дар деҳаи ба номи Саттор Раҷабови шаҳри Турсунзода ҳудуди даҳ сол аст, ки бе обу барқ зиндагӣ мекунанд. Намояндагони мақомот мегӯянд, аз сокинон шикояти расмӣ нагирифтаанд.

Деҳаи Саттор Раҷабов дар 70-километрии ғарби шаҳри Душанбе ва дар наздикии марз бо Узбекистон ҷойгир аст. Даҳ сол пеш дар ин теппаҳои беоб ба 40 хонавода замини хонасозӣ доданд. Теъдоде аз сокинони маҳаллаҳои атрофи Турсунзода омаданду манзил бунёд карданд.

Тақрибан 10 хонавода ҳоло инҷо зиндагӣ доранд. Азбаски хатти барқу об надорад, теъдоди зиёди сокинон аслан ба қитъаи заминашон даст назадаанд, ё танҳо пойдевор сохтаву сохтмонро қатъ кардаанд.

Муродулло Нуров, яке аз сокинони деҳа, мегӯяд, зиндагии сокинон ба гунаи асрҳои гузашта аст: "Бо шамъ зиндагӣ мекунем. Дар деҳа кор нест, дар Регар ё Душанбе дар сохтмонҳо кор мекунем. Дар фасли зимистон танҳо дар хона менишинем."

Даҳ хонаводае, ки феълан дар ин маҳалла зиндагӣ мекунанд, бо мушкили таҳсили фарзандон дар мактаб низ рӯ ба рӯ ҳастанд. Маъмур Ғаниев, сокини дигари маҳаллаи навбунёд, мегӯяд, кӯдакон маҷбуранд, то панҷ километр роҳро тай карда, ба мактаб бираванд. "Саҳарии барвақт ба роҳ мебароянд. Агар мошин бошад, бо мошин, вагарна пиёда мераванд. Бегоҳ бо шамъ дар хона дарс тайёр мекунанд", -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Деҳае, ки 10 сол боз мунтазири барқ дар Турсунзода аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Сокинони ин деҳаи навбунёд ҳар кадом 12 сотих қитъаи замин доранд, аммо ба сабаби беобӣ дар заминҳо зироат кишт намекунанд. Оби ошомиданиро аз поёни деҳа, ки як иҷоракор барои киштзораш овардааст, мекашонанд.

Толибҷон Носиров, як сокини ҷавони деҳа, дар посух ба ин суол, ки оё дар набудани нерӯи барқ ба телефону Интернет дастрасӣ доранд, ё не, гуфт, "қувваи телефон, ки тамом шуд, ба деҳаи Бештеппа, ба поён меравем. Дар он ҷо нерӯи барқ ҳаст. Дар хонаи шиносҳо телефонро ба қувва мемонем. Дар хона телевизор надорем. Хӯрокро бо гази моеъ омода мекунем."

Сокинони деҳаи Саттор Раҷабов мегӯянд, ки ҳудуди даҳ сол аст, дар чунин шароит зиндагӣ мекунанд ва муроҷиатҳояшон ба мақомоти шаҳри Турсунзода барои ҳалли ин мушкил бепосух мондааст.

Мақомот мегӯянд, сокинони деҳа барои ҳалли мушкилашон ба кадом ниҳоде муроҷиат накардаанд, вагарна мисли чанд деҳаи дигар ба мушкилашон расидагӣ хоҳад шуд. Нуруллоҳ Турсунов, раиси ҷамоати деҳоти "Навобод"-и шаҳри Турсунзода иддаои сокинони маҳаллаи навбунёдро рад кард.

Ӯ гуфт, "дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода омодааст, ба воситаи шабакаҳои “Барқи тоҷик” зина ба зина маҳаллаҳоеро, ки симчӯб намерасад, ё симу трансформатор нест, таъмин намояд."

Гузоришро дар Ютуб бинед:

Наздиктарин хатти барқ ба деҳаи Саттор Раҷабов 2 километр дур аст. Сокинон мегӯянд, ҳоло имкони харидани трансформатор ва симу симчӯбро надоранд. Умеди ягонаашон ба мақомоти маҳаллӣ аст, вале намедонанд, ки онҳо ҳам кай ба додашон мерасанд.

Мушкили норасоии барқу об дар деҳаҳои навсохт дар Тоҷикистон як мушкили умда мемонад ва деҳаи Саттор Раҷабови шаҳри Турсунзода яке аз намунаҳои он аст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG