Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи сӯзишворӣ дар ҷаҳон поин меравад, дар Тоҷикистон боло. Чаро? ВИДЕО


Дар шароити бӯҳрони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон нархи гази моеъ боло рафт ва дар муқоиса бо ду ҳафтаи пеш арзишаш тақрибан ду маротиба бештар шуд. Дар Тоҷикистон беш аз 90 дарсади воситаҳои нақлиёт гази моеъро истифода мекунанд.

Агар ду ҳафта қабл як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 2 сомониву 50 дирам сар мешуд, ҳоло нархи ҳамин миқдор гази моеъ чаҳор сомонӣ шудааст. Рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотии Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз Шодӣ Шоимзода, муовини вазир пурсида шуд, ки сабаби чунин болоравии нархи ин намуди сӯзишворӣ дар чист? Аммо, ин мақоми вазорати энержии Тоҷикистон танҳо гуфт, ки дар нимсолаи аввал ба кишвар 227 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки баробари нишондодҳои солҳои қаблӣ мебошад. Соли гузашта ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 580 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда буд.

"Ҷавоби ин саволро бояд аз сохторҳое, ки танзимкунандаи нарх мебошанд, пурсид. Танҳо метавонам бигӯям, ки болоравии нархи гази моеъро ҳоло як комиссияи махсус мавриди баррасӣ қарор додааст ва шарҳи муфассали ин мушкил рӯзҳои наздик гуфта мешавад. Ҳоло дақиқ гуфтан душвор аст, ки чаро нархи гази моеъ боло рафт. Бояд назари ширкатҳои воридкунанда гирифта шавад. Сипас, мешавад сабаби болоравиро дақиқ кард",-афзуд Шодӣ Шоимзода.

Аммо, ронандаҳои мошинҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро дар тамоми ҷаҳон нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла, нафт ба таври бесобиқа пойин мераваду дар Тоҷикистон бошад, болоравии нарх дида мешавад. Ба гуфтаи ронандаҳои таксӣ, ки миқдорашон дар пойтахти Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор адад аст, онҳо дар ду ҳафтаи ахир дар пайи болоравии нархи гази моеъ то сӣ дарсади даромади худро аз даст додаанд.

Талабшо Шаманов, ронандаи минибас ё мусофирбар дар миёни Душанбе ва шаҳри Ҳисор мегӯяд, ки арзиши роҳкироро наметавонанд боло баранд, аммо нархи сӯзишвориро касе танзим намекунад.

Шаманов мегӯяд, "нархи газ дар байни 10-15 рӯз аз 2 сомониву 50 дирам то ба 4,20-4,30 сомонӣ боло рафт. Акнун, чӣ кор кунем, дар хона шинем? Касе дираме бароямон намедиҳад. Бе ин ҳам 2 моҳ бекор дар карантин будем ва касе бароямон кӯмак накард. Гову бузро фурӯхтем, то зиндагиро пеш барем. Нархи газ 4 сомониву 20 дирам аст, вале мо 2 сомонӣ роҳкиро мегирем, маҷбур ҳастем".

Бояд иқрор шуд, ки дар оғози паҳншавии бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ба мисли кишварҳои дигари ҷаҳон пойинравии нархи сӯзишворӣ мушоҳида шуд. Он замон дар кӯчаҳои шаҳр миқдори ками мошинҳо низ дида мешуд ва ҳатто дохили автобусу троллейбусҳо каммусофир буданд. Аммо, бо паси сар шудани давраи доғи паҳншавии ин беморӣ, миқдори мошинҳо ҳам кӯчаҳо зиёд шуд ва нархи сӯзишворӣ низ боло рафт.

Дар Тоҷикистон нархи гази табиӣ наздик ба ду баробар боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Сӯҳроб Назаров, ронандаи мошини сабукрав аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки чаро дар шароити бекорӣ касе дар пайи танзими арзиши сӯзишворӣ нест: "Нархи бензин ҳам қариб 6 сомонӣ шудааст. Дар ду ҳафта нархи ин сӯзишворӣ ҳам қариб як сомонӣ бештар шуд. Дар ҳама кишварҳо сӯзишворӣ арзон мешавад, аммо дар Тоҷикистон қиммат. Ин хел намешавад. Одамон бекоранд, донем ки ягон ҷо кор кунанд, маоши муносиб бошад, мешавад, вале охир ин хел нест".

Талоши мо барои дарёфти назари ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон бенатиҷа монд. Бештаре аз ширкатҳо, аз ҷумла, "Газпромнефт-Тоҷикистон" ва "Нуройл"-у ширкатҳои дар гузашта ҳамкори "Фароз" бо баҳонаҳои мухталиф аз ироаи посух худдорӣ карда, пешниҳоди номаи расмӣ бо суолҳоро тақозо мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки маъмулан, чунин мукотиба то як ҳафта тӯл мекашад.

Кормандони марказҳои сӯзишворӣ ҳам мегӯянд, ки дар ду ҳафтаи ахир нархи гази моеъ қариб панҷоҳ дарсад боло рафтааст ва аслан дар анборҳои ширкатҳои воридкунанда гази моеъ кам аст. Ба ин далел, бархе аз марказҳои сӯзишворӣ гази моеъро бо маҳдудият мефурӯшанд.

Тибқи омори расмӣ, беш аз 90 дарсади воситаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон аз гази моеъ ба унвони сӯзишворӣ истифода мекунанд. Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон, дақиқтараш, аз ширкати "Актобумунайгаз"-и ин кишвар харидорӣ мекунад.

Дар охири моҳи апрел ин ширкат як тонна гази моеъро то истгоҳи Бекободи Узбекистон 105 -125 долларӣ интиқол медод. Аммо, дар даҳаи аввали моҳи июл нархи гази моеъ дар ин ширкат то 350-380 доллар боло рафтааст.

Мушкили дарёфти доллари амрикоӣ барои харидории миқдори зарурии гази моеъ дар Қазоқистон низ аз сабабҳои камбуд ва болоравии арзиши он дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Аммо, соҳибназарон ба омили мавсимии ин амр низ ишора мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло дар Қазоқистон мавсими дарави ғалла шурӯъ шудааст ва ниёз ба гази моеъ дар дохили кишвар низ зиёд мебошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG