Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди барқу газ дар Узбекистон. Ваъдаи мақомот ба мардуми норозӣ. ВИДЕО


Қатъи нирӯи барқ ва камбуди шадиди гази табиӣ дар мавсими сармо дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон боис ба эътирозҳо шуд. Гурӯҳе аз сокинон роҳҳоро баста, аз ҳукуматдорон хостанд, ки ҳарчӣ зуд ба буҳрон поён диҳанд.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ пас аз саркӯби эътирозгарон дар соли 2005 дар Андиҷон хеле кам мушоҳида шудааст. Саркӯби эътирози соли 2005 садҳо кушта дошт.

Норозигӣ аз норасоии гази табиӣ моҳи ноябри имсол, замоне шакл гирифт, ки дар фасли сармо сокинон ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар бисёре аз гӯшаҳои кишвар аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашиданд. Рӯзи 1-уми декабр гурӯҳе аз эътирозгарон, ки дар миёнашон занон низ буд, роҳро ба шаҳри Бӯстон дар вилояти Қарақалпоқистон бастанд.

Дар видеое, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, эътирозгарон дар миёни роҳи мошингузар гулхан афрӯхтаанд. Бархе аз ширкатдорони ин эътироз ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ин гурӯҳ пас аз онки ҳокими маҳаллӣ бо онҳо мулоқот кард, маҳалли эътирозро тарк намуданд.

"Намедонам, ки чӣ қадар дар онҷо истодем. Ҳоким ва кормандони пулис омаданд. Гуфтанд, ки мушкили камбуди газ дар ҳама ҷо вуҷуд дорад, аммо ваъда доданд, мушкилро ҳал мекунанд. Сипас сокинон пароканда шуданд ва ба хонаҳояшон рафтанд," — гуфт ӯ.

Рӯзи 2-юми декабр як манбаъ аз ҳукумати маҳаллӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, пас аз эътирозҳо таъҷилан "мансабдорон аз ҳама бахшҳоро барои пайдо кардани роҳи ҳалли мушкил даъват намуданд".

Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ аз шаҳри Бустон гуфтанд, ҳоло интиқоли газ ба манзили зисти сокинон каме беҳтар шудааст.

Дар Узбекистон камбуди газу нерӯи барқ мардумро ба кӯчаҳо баровард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

"Посухи дақиқ ба бӯҳрони мавҷуда нест"

Расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки дар Тошканд президент Шавкат Мирзиёев ва сарвазир Абдулло Орифов мансабдоронро барои рӯ задани буҳрони эенергетикӣ танқид кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, мақомот барои ҳалли ин мушкил чӣ қарор қабул намуданд.

Раҳбарияти олӣ сабаби ба вуҷуд омадани буҳрони иқтисодиро шарҳ надодаанд. Сарвазири Узбекистон эътироф кардааст, ки бо фаро расидани зимистон дар бисёре аз ноҳияҳои ин кишвар бинобар камбуди гази табиӣ ва барқ мушкил пайдо мешавад.

"Ҳоло манзили сокинон, макотиб ва беморхонаҳо дар буҳрони энергетикӣ қарор доранд, раҳбарон, масъулини барқу газ дар идораи гарм нишастаанд," -- гуфтааст Орифов.

Мардуми шӯрида

Намоиши эътирозии рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бустон се рӯз пас аз он иттифоқ афтод, ки 70 сокини деҳаи Шортанбойи ноҳияи Нуқуси вилояти Қарақалпоқистон роҳро бастанд ва дар миёни он гулхани бузург афрӯхтанд.

Сокинон аз қатъи ногаҳонии интиқоли гази табиӣ ба хонаҳояшон дар ғазаб буданд. Расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки ҳокими ноҳия ва додситон ва раҳбари ширкати «Қарақалпоқистонгаз» бо эътирозгарон вохӯрда, бӯҳрони бамиёномадаро шарҳ додаанд.

Мансабдорон ба ин гурӯҳ гуфтаанд, ки 16 километр хатти интиқоли гази табиӣ, ки ба воситаи он ба деҳа газ интиқол меёбад, ба таъмири куллӣ ниёз дорад.

Бино ба иттилои расида, мақомоти маҳаллӣ ба 420 хонаводаи ниёзманд ба миқдори 500-килоӣ ангишт, ду зарф барои захираи газ ва 10 ароба ҳезум додаанд.

Чунин эътирозҳо дар вилоятҳои Андиҷон, Фарғона ва Сирдарё низ сабт шудааст. «Дар хонаҳои мо газу барқ нест ва сокинон мушкил доранд. Мансабдорони маҳаллӣ ваъдаи ҳалли мушкилот доданд. Мардум мегӯянд, ки аз нав ба кӯчаҳо мебароянд, агар мақомот ба ваъдаи худ вафо накунанд. Мардум дигар инро таҳаммул намекунад», -- гуфт як сокини Андиҷон.

Дар Фарғона сокинон ба назди ҳукумати маҳаллӣ рафтанд, то эътирози худро дар робита ба қатъи интиқоли нирӯи барқ ба манзилҳои зисти маҳаллаи «Баркамол» расонанд. «Дар баъзе хонаҳо тамоман газ нест ва дар баъзеи дигар фишори газ ба ҳадде паст аст, ки ҳатто чой ҷӯшонида намешавад», -- гуфт як сокини маҳаллӣ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ.

Ҳукумати Фарғона эълон кард, ки пас аз суҳбат бо сокинон барои беҳтар кардани вазъ чора меандешанд.

Ба гуфтаи сокинони вилояти Сурхондарё, 27-уми ноябр шабона ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа поён рафт, вале дар хонаҳои баландошёна шабакаи гармдиҳӣ фаъол набуд. «Дар беморхонаҳо, боғчаҳои бачагона ва мактаб қатъи нирӯи барқ масъалаи маргу зиндагист. Ба ғайри ин, иншооти стратегӣ, мисли қушунҳои марзбониро низ набояд бе газ гузошт», -- гуфт як манбаъ бо шарти ифшо нашудани номаш дар вилояти Сирдарё, ки дар соҳаи расонидани газ кор мекунад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG