Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон издивоҷи духтари 16-сола баҳсбарангез шуд


Муовини сарвазири Қирғизистон Элвира Суроболдиева.
Муовини сарвазири Қирғизистон Элвира Суроболдиева.

Муовини сарвазири Қирғизистон Элвира Суроболдиева дастур дод, ки издивоҷи баҳсбарангези духтари 16-сола бо марди 31-сола дар ноҳияи Ҷетӣ-Оғузи вилояти Иссиқкӯли он кишвар таҳқиқ карда шавад.

Дар бораи ин издивоҷ пештар ҳомии ҳуқуқ Комил Рӯзиев хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, духтар дар синфи 9-ум мехонад ва дар мактаб низ аз ин қазия огаҳ ҳастанд. Дар Раёсати пулиси вилояти Иссиқкӯл қазияро бо ҳадафи таҳқиқ ҳамчун издивоҷи марди калонсол бо ноболиғ ба қайд гирифтаанд.

Суроболдиева ба Комиссияи давлатӣ дар умури динӣ низ тавсия додааст, ки барои пешгирии чунин ҳодисаҳо ва роҳ надодан ба издивоҷи ноболиғон дар якҷоягӣ бо Идораи мусулмонони Қирғизистон миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад.

Порлумони Қирғизистон соли 2016 қонунеро қабул кардааст, ки издивоҷи ноболиғон дар он кишварро манъ ва барои нақзи он аз 3 то 5 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG