Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Левандовский футболбози рақами як дар ҷаҳон шуд


Футболбози дастаи “Бовария”-и шаҳри Мюнхен ва мунтахаби Полша Роберт Левандовский беҳтарин футболбози сол эълон шуд. Ӯ соли ҷорӣ дар ин сабқати бонуфуз бар ситораҳои ҷаҳонии футбол Леонел Мессӣ ва Кристиано Роналдо дастболо шуд. Мураббии дастаи “Ливрепул” Юрген Клоп ба мақоми беҳтарин мураббии сол сазовор дониста шуд. Дарвозабони “Бовария”-и Мюнхен Маннуеэл Ноэр аз тарафи Федерасияи байналмилалии футбол (ФИФА) беҳтарин даврвозабони сол эътироф гардид. Маросими эълони ҷоизаҳо, ки ҳамасола аз ҷониби ФИФА ташкил мешавад, рӯзи 17 декабр дар шаҳри Тсюрихи Швейсария қисман ба таври онлайнӣ баргузор шуд.

Люси Бронз беҳтарин зани футболбози ҷаҳон дар соли 2020 шинохта шуд. Ӯ муҳофизатгари дастаи "Манчестер Сити"-и Инглистон мебошад.

XS
SM
MD
LG