Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Бадахшон: Яке аз "хатарноктарин" сардастаҳои Толибон боздошт шуд


Толибони боздоштшуда дар Бадахшон. 17 декабри 2020.
Толибони боздоштшуда дар Бадахшон. 17 декабри 2020.

Мақомҳои маҳаллии вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки Қорӣ Зубайр -- яке аз "хатарноктарин" сардастаҳои Толибон дар ин вилоят боздошт шудааст.

Саноуллоҳ Рӯҳонӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин раҳбари гурӯҳи 25-нафараӣ Толибон ҳамроҳ бо 4 тан аз муҳофизонаш дар ҷараёни даргирӣ пас аз зӯҳри панҷшанбе дар ноҳияи Аргу дастгир шуд.э

Саноуллоҳ Рӯҳонӣ афзуд, "вай дар даргириҳо бо нерӯҳои амниятӣ иштирок дошт ва ҳамчун яке аз Толибони хатарнок дар вилояти Бадахшон фаъолият мекард".

Пеш аз ин Муҳаммад Закариё Савдо, раиси вилояти Бадахшон барои боздошти ин сардастаи Толибон ҷоиза таъйин карда буд.

Толибон дар бораи боздошти ӯ ҳанӯз чизе нагуфтаанд.

Фаъолияти Толибон дар ин вилояти ҳамсарҳад бо Тоҷикистон дар моҳҳои ахир густариш ёфтааст. Ҷангиёни ин гурӯҳ ахиран дар ноҳияи Моймай ҳамсарҳад бо Дарвози Тоҷикистон 24 сарбози давлатиро куштанд.

XS
SM
MD
LG