"Тоҷикфилм" маҷаллаи "Кино"-ро ба шакли нав нашр карда, ҳамакнун ба манзури таблиғи кинои тоҷик дар ҳар як шумора ба хонандаҳо як дона диски филми тоҷикиро низ тақдим мекунад. Соҳибназарон мегӯянд, ки бо дарназардошти гаронии ҳар як шумораи ин маҷалла, хубтар буд, агар ин заҳмату маблағ барои беҳбуди сомонаи ин муассиса сарф шавад.
Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси киностудияи "Тоҷикфилм" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз нашри ин маҷалла, таблиғи синамои тоҷик, бавижа, барои насли наврас аст. "Насли ҷавони тоҷик бо синамои тоҷик, бахусус, бо таърихи он чандон ошно нест. Нашри ин маҷалла низ ҳадаф дорад, ки ин қишри ҷомеаро бештар бо дастовардҳои синамои тоҷик ошно созем",-афзуд ӯ.
Толиб Раҳматуллоев дар идома гуфт, ки қарор аст дар марҳилаи аввал ин маҷалла дар се моҳ як маротиба нашр шавад. Шумораи нахустини он ба миқдори се ҳазор дона нашр шудааст.
Тиллои Некқадам, сардабири маҷаллаи “Кино” мегӯяд, ки шумораи нахустини ин маҷалла ба эҷодиёти Ато Муҳаммадҷонов бахшида шудааст ва ба ин хотир дар ҳар як нусхаи ин маҷалла диск бо филми "Духатари севум"-и Ато Муҳаммадҷонов тақдим мешавад:
Ба гуфтаи Тиллои Некқадам, шумораи дувум ба эҷодиёти Борис Кимёгаров бахшида мешавад ва ба ин хотир диски беҳтарин филми вай бо номи "Рустам ва Сӯҳроб" ба хонандаҳо пешниҳод мешавад. Ба гуфтаи оқои Некқадам, шумораи баъдӣ ба 90-солагии синамои тоҷик бахшида мешавад ва ҳамин тавр ҳар як шумора ба як рӯйдоди муҳими синамои тоҷик ихтисос меёбад".
Тиллои Некқадам афзуд, ки дар канори муаррифии дастовардҳои синамои тоҷик маҷалла ҳадаф дорад ҳамзамон муҳимтарин таҳаввулоти синамои ҷаҳониро низ бозтоб диҳад. Аз ҷумла, қарор аст ситораҳои синамои ҷаҳонӣ, бахусус, синамои ҳиндӣ ва туркӣ низ дар саҳифаҳои ин маҷалла ҳузур дошта бошанд.
Шумораи нахустини маҷаллаи "Кино" 60 саҳифаи рангин иборат аст ва паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти ин ҳунарманди маъруфро бозтоб додааст. Қимати як донаи ин маҷалла 40 сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар шароити мушкилоти молии сокинони Тоҷикистон чандон арзон нест. Далери Имомалӣ, хабрнигори тоҷик, ки умдатан масоили фарҳангиро бозтоб медиҳад, мегӯяд, ки хубтар буд "Тоҷикфилм" ин нерӯи худро барои беҳбуди торнамои худ сарф мекард:
"Агар маҷалла аз рӯйи нархаш дастрас мебуд, "Тоҷикфилм" дар нахустнамоишҳо фурӯши маҷбурии онро роҳандозӣ намекард. Коргардони синамо ҳазор сомонӣ маош мегирад, ҳамаи кормандони синамо имкон надоранд ба ин нарх маҷаллаи худро харидорӣ кунанд. Беҳтар буд "Тоҷикфилм" ин нерӯву зарфияти худро ба беҳбуди сомонаи худ сарф мекарданд. Бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шаванд, зеро насли ҷавон асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ мегиранд".
Дар ҳамин ҳол, Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси киностудияи "Тоҷикфилм” мегӯяд, ки нархи ҳар як дона маҷаллаи "Кино"-ро Кумитаи зиддиинҳисории Тоҷикистон муқаррар кардааст. "Тоҷикфилм" низ бо дарназардошти мушкилоти молӣ наметавонад нашри ин маҷалларо бар зарари худ анҷом диҳад.