Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдоронро дар Украина барои пинҳон кардани дороӣ ҷазо медиҳанд


Бинои порлумони Украина
Бинои порлумони Украина

Порлумони Украина ба ҷонибдорӣ аз қонуне раъй дод, ки бар асоси он мансабдорон барои пешниҳоди маълумоти нодуруст дар бораи дороиҳояшон муҷозот хоҳанд шуд. Барои ин кор ба мансабдорон аз 1800 то 3000 доллар ҷарима, аз 150 то 240 соат кор ва ё то ду сол "маҳдуд шудани озодӣ" таҳдид мекунад.

Қарори порлумони Украина бо ҳукми пешинаи Додгоҳи олии ин кишвар мухолиф аст. Додгоҳи Қонуни асосии Украина дар моҳи октябри имсол баъзе аз бандҳои қонуни мубориза бо фасоди идориро бекор кард.

Ин иқдом дар дохил ва беруни Украина вокунишу интиқодҳоро ба бор овард. Аз ҷумла, кумаки молии кишварҳои ғарбӣ ва рафтуои мардуми Украинаро ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо хатар дучор намуд.

Украина даҳ сол инҷониб ба мушкили фасоди идорӣ рӯбарӯ аст ва ҳамин падида ҷилави ёриҳои хориҷиро гирифта, монеи рушди иқтисодии ин кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG