Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави Бонки Миллӣ гуфт, дубора эътимоди мардумро бармегардонанд, аммо чӣ гуна? ВИДЕО


Ҳоким Холиқзода то ин ки ба Бонки Миллӣ биояд, узви Маҷлиси Намояндагон буд
Ҳоким Холиқзода то ин ки ба Бонки Миллӣ биояд, узви Маҷлиси Намояндагон буд

Ҳоким Холиқзода, раиси тозатаъини Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ки дигарбора эътимоди мардумро ба бонкҳо бармегардонанд ва қурби асъорро дар сатҳи муътадил нигоҳ медоранд. Ин дар ҳолест, ки низоми бонкии кишвар пас аз буҳрони солҳои 2015-2016 ҳанӯз "ба худ наомадааст".

Хабарнигори Радиои Озодӣ Холиқзодаро рӯзи 25-уми ноябр дар Маҷлиси Намояндагон дид ва ба чанд суол посухашро гирифт. Аз ҷумла, аз ӯ пурсид, ки дар мансаби нав барои беҳбуди низоми бонкӣ чӣ кор карда метавонад?

Ҳоким Холиқзода: "Барои беҳбуди низоми бонкӣ, пеш аз ҳама, ҳаракат мекунем дубора эътимоди мардум зиёд гардад. Ин яке аз мақсадҳои асосии мост. Алакай нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки аз 28 банд иборат аст. Мо омода ҳастем, ташкилоти қарзиро дастгирӣ кунем. Захираи ҳатмие, ки барои онҳо пешбинӣ шудааст, нисбатан кам намудем."

Радиои Озодӣ: Дар бораи баргардондани эътимод гуфтед, аммо ҳанӯз ҳам сокинон амонату пасандозҳои худро аз бонкҳо гирифта наметавонанд...

Ҳоким Холиқзода: "Ҳаминро гуфтаниям, ки дар доираи имкониятҳоямон бо бонкҳои дучори буҳрон, яъне "Тоҷиксодиротобонк" ва "Агроинвестбонк" ҳамкорӣ дорем. Уҳдадориҳои онҳо дар назди амонатгузорон дар муқоиса ба соли 2016 ба маротиб кам шудааст. Барои беҳбуди вазъ корҳоро идома медиҳем. Мушкили асосии ин бонкҳо дар фурӯши амволашон аст. Вазъиятро медонед. Фурӯши амвол суст шудааст. Лекин ҳар маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши амвол ба даст меоранд, зуд ба муштариён тақсим мекунанд. Ин ду бонк сармоягузор доранд. Ҳукумати Тоҷикистон дар шахсияти Вазорати молия ба онҳо сармоягузорӣ мекунад. То ба ҳол ягон қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи корашон ба тасвиб нарасидааст. Фикр мекунам, роҳи ҳалли мушкилро меёбем. Нисбат ба "Фононбонк", ки иҷозатномаашро бозхонд карда будем, гуфтаниям, ки то охири моҳи феврал пурра баста мешавад ва амонатгузорон маблағҳои худро мегиранд."

Раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон сабаби болоравии нархҳоро шаҳр дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Радиои Озодӣ: Баъзе аз сокинон мегӯянд, дар шароити пандемияи коронавирус баргардонидани қарзҳои гирифтаашон аз бонк мушкил шудааст. Дар умум сокинон аз бонкҳо чӣ қадар қарздоранд?

Ҳоким Холиқзода: Аҳолӣ аз бонкҳо 10,3 миллиард сомонӣ қарз доранд, ки нисбат ба соли гузашта 12 дарсад зиёд аст. Муҳлати пардохти беш 900 миллион сомонӣ қарзи аҳолиро дароз кардем ва ин гузашт вобаста ба таъсири пандемияи коронавирус аст."

Радиои Озодӣ: Дар оғози моҳи ноябр қурби сомонӣ дар баробари доллар якбора поин омад ва як доллар ба 11 сомониву 30 дирам расид. Боз тағйироте дар ин замина дар назар ҳаст?

Ҳоким Холиқзода: "Мо ҳаракат мекунем, ки қурби асъорро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем. Яке аз сабабҳои асосии болоравии қурби доллари амрикоӣ ва афзоиши талабот ба он, идомаи тавозуни манфии савдои кишвар, кам шудани пулҳои интиқолӣ, сармояи хориҷӣ ва кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад."

Рӯзи 20-уми ноябр дар ҳайати раҳбарии Бонки Миллии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Раиси пешинаи он Ҷамшед Нурмуҳаммадзода барканор ва ба ҷои ӯ муовини собиқаш Ҳоким Холиқзода омад.

Холиқзода дар гузашта вакили порлумон буд ва раёсати Кумитаи иқтисод ва молияро бар дӯш дошт. Вай 47-сола ва зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ (Колхозободи пешин) аст. Қаблан дар бонки давлатии "Амонатбонк" низ кор кардааст.

Тағйирот дар ҳайати роҳбарии Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки низоми бонкии кишвар пас аз буҳрони солҳои 2015-2016 ҳанӯз "ба худ наомадааст". Дар ин муддат чаҳор бонк, аз ҷумла ду бонки азиму низомсози кишвар – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дучори мушкил шуда, дар бозпас додани амонатҳои мардум оҷиз монданд.

Ҳукумат барои наҷоти бонкҳо ёрии молиявӣ кард, вале натавонист ду бонкро аз вазъияти буҳронӣ берун орад. "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" муфлис шуданд, аммо то ҳанӯз тақсими амвол ва дороиҳои бонкҳо идома дорад ва амонати мардум пурра пардохт нашудааст.

Пас аз нав шудани ҳайати роҳбарии Бонки Миллӣ дар соли 2015 кулли нуқтаҳои саррофӣ дар Тоҷикистон баста шуда, хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар доираи бонкҳо сурат мегирад. Соҳибкорон ва корафтодагон мегӯянд, пас аз ин иқдом Бонки Миллӣ бозори арзи хориҷиро пурра дар инҳисор ё монополияи худ гирифт, ки камчинии асъори хориҷӣ ва бахусус доллари амрикоиро ба бор овард.

Ҳамин гуна гардиши рубли русиро, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ба хонаводаҳояшон мефиристоданд, маҳдуд карданд. Бо қарори Бонки Миллӣ, бонкҳо уҳдадор шуданд, рубли русиро ба сомонӣ тадбил дода, ба муштариён пардохт кунанд.

XS
SM
MD
LG