Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз куҷо доллар бигирем?" Бонки Миллӣ камчинии асъори хориҷиро дар Тоҷикистон эътироф кард. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъзе аз соҳибкорон ва ширкатҳо дар Тоҷикистон аз камчин шудани асъори хориҷӣ, бахусус доллари амрикоӣ, шикоят доранд.

Ба қавли соҳибкорон, агар дар фурсатҳои наздик Бонки Миллӣ сиёсати фурӯши асъори хориҷиро бознигарӣ накунад, ширкатҳо ашёи хом ворид карда наметавонанд ва эҳтимол кишвар ба "дефитсит" ё камчинии молу маҳсулот, аз ҷумла маводи зарурие ба монанди орду бензин рӯ ба рӯ шавад.

Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон камбуди асъори хориҷиро эътироф карда, мегӯянд, барои таъмини талаботи бозор дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 104 миллион долларро ба бозор баровардаанд. Барои муътадил нигоҳ доштани бозори арз дар Тоҷикистон, онҳо аз Сандуқи Байнулмилалии Пул ёрӣ гирифтанианд.

ПОСУХИ БОНКИ МИЛЛӢ

Бонки Миллии Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ пеш омадани камчинӣ ё "дефитсит"-и асъори хориҷиро ба чанд омил рабт дод. Аз ҷумла дар дар нома омадааст, харҷи буҷаи давлатӣ барои бунёди иншооти муҳими стратегӣ ва бозгардондани қарзи давлатӣ зиёд шудааст ва ҳамаи ин хароҷот бо асъори хориҷӣ анҷом мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, Бонки Миллӣ эътироф кардааст, ки дар Тоҷикистон доим камбуди асъори хориҷӣ ба назар мерасад, чунки таносуби савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ аст. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон дар муқоиса ба содирот, се баробар бештар аз хориҷа мол ворид мекунад. Чунончӣ, ба гуфтаи Бонки Миллӣ, дар 8 моҳи соли 2020 воридоти Тоҷикистон назар ба содирот ду маротиба ё 960 миллион доллар бештар будааст. Молу маҳсулот аз хориҷа асосан бо доллар харида мешавад ва ба ин сабаб дар кишвар камбуди асъори нақд ба вуҷуд меояд.

Ба гуфтаи Бонки Миллӣ, "дар мавсими зимистон ва баҳор дефитсит (камбуд)-и асъори хориҷӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна аз 8 то 25 миллион доллар"-ро ташкил медиҳад.

ШУБҲАИ КОРШИНОСОН

Коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, бо ин изҳороти Бонки Миллӣ розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, сиёсати пешгирифтаи Бонки Миллӣ, ки фурӯши асъори хориҷиро дар инҳисор ё монополияи худ қарор додааст, озодии бонкҳои тиҷоратиро маҳдуд мекунад ва ин маҳдудият боиси ба вуҷуд омадани чунин вазъият шудааст.

Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик, гуфт, талошҳои қаблии Бонки Миллии Тоҷикистон, ҷиҳати аз маркази ягона ба роҳ мондани интиқоли пул ба кишвар маҳз ба хотири зери назорат гирифтани асъори хориҷӣ дар кишвар буд. "Ба ҳамин хотир, низоми интиқоли пулии "Золотая корона" ва дигарон манъ шуданд. То ин замон ин маблағҳо тавассути бонкҳои алоҳида меомад. Ҳоло бонкҳо аз ин маҳрум шуданд. Ҳама маблағ тавассути маркази ягонаи Бонки Миллӣ меояд," -- гуфт ӯ.

СОҲИБКОРОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

Соҳибкорон низ мегӯянд, вазъият ба он шакле нест, ки Бонки Миллӣ тасвир мекунад. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар миёни соҳибкорон, ки нахост, номаш бурда шавад, гуфт, як назар ба омори Тоҷикистон кофист, то маълум шавад асъори хориҷӣ дар кишвар басанда аст ва камбуди он аз сиёсатҳои, ба қавли ӯ, "нодурусти Бонки Миллӣ сар задааст".

"Дар замоне ки Муродалӣ Алимардон, Шариф Раҳимзода ва Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки Миллӣ буданд, ин гуна камчинии асъори хориҷӣ дида намешуд. Дар давраи роҳбарии онҳо ҳам буҳрон буд, содироти кишвар ба маротиб камтар буд, аммо боз ҳам ба ин ҳад камчинии асъори хориҷӣ дида намешуд. Ҳоло бояд аз хориҷа ашёи хом харем, вале ягон бонк ба мо доллари нақд намефурӯшад", -- иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, ҳоло бо вуҷуди коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон, ба эътирофи худи Бонки Миллӣ, дар 6 моҳи имсол шаҳрвандон аз хориҷа ба кишвар 999 миллион доллар фиристодаанд. Илова бар ин, кишвар аз ҳисоби содирот, аз ҷумла сементу пахта, алюминий, тило ва нерӯи барқ бо асъори хориҷӣ даромаде мегирад, ки низ кам нест.

"Агар ба омори солҳои пешин такя кунем, муҳоҷирон беш аз 2,5 миллиард доллар мефиристоданд, ҳудуди 1 миллиард доллари дигар кишвар аз ҳисоби сордирот ба даст меомад. Ҷамъ 3,5 миллиард мешуд. Ҳол он ки воридот, яъне хариди мол аз хориҷа ҳудуди 3 миллиард аст. Яъне, тақрибан 500 миллион доллари иловагӣ дар кишвар мемонад. Пас, ин "дефитсит" аз куҷост?" – суол гузошт соҳибкори тоҷик.

Ӯ хулоса кард, ки агар вазъ ҳамин гуна идома кунад, бисёре аз соҳибкорон ва сармоягузорон дилсард шуда, тарки пеша мекунанд.

"ФИРОР"-И САРМОЯҲО?

Як мояи дигари камчин шудани асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар ба берун рафтани сармояҳо аз Тоҷикистон рабт дода мешавад. Аммо Бонки Миллии Тоҷикистон аз ифшои омори “гурези сармояҳо” аз кишвар, он гуна ки Бонки Марказии Русия ва ва кишварҳои дигар ошкор мекунанд, худдорӣ меварзад. Чанд сол пеш вакилони Маҷлиси Намояндагон низ аз раиси Бонки Миллии Тоҷикистон айни чунин суолро карда буданд, вале посухи рӯшане нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG