Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бонки нави давлатӣ таъсис дод, вале буҳрони бонкҳо боқист


Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис ёфт
Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис ёфт

Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис доданд. Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки "Саноатсодиротбонк" давлатӣ аст ва аз 23-юми октябр иҷозаи корро соҳиб шуд.

Масъулони бонки нав дар саҳифаи расмии худ дар Фейбсук рӯзи 24-уми октябр навиштанд, "ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ фаъолияти худро аз ин ба баъд роҳандозӣ менамоянд." Ҳанӯз дар моҳи августи имсол Ҳокимшо Бобозода раиси бонк таъйин шуда буд. Вай пештар дар бонки давлатии "Амонаткбонк" кор мекард.

Ин дар ҳолест, ки бонкҳои Тоҷикистон тақрибан панҷ сол боз дар шароити буҳронӣ ҳастанд. Дастикам ду бонк муфлис шуданд. Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) дар моҳи сентябри имсол ба Тоҷикистон машварат дод, ки ду бонки азими дучори мушкил – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро низ барҳам диҳад.

"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" аз соли 2015 дучори буҳрон шуда, дар бозгардондани пасандози амонатгузорон оҷиз монданд. Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ ёрии молиявӣ кард, вале ин миқдор маблағ ду бонкро аз вазъияти буҳронӣ наҷот надод.

Омори қарзи бонкҳо ҳар рӯз дар ҳоли таҳаввул аст, аммо мувофиқи омори охир танҳо "Агроинвестбонк" аз муштариён 750 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Даҳҳо муштарӣ аз ин ду бонк инак панҷ сол боз амонатҳои худро бозпас гирифта наметавонанд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 70 созмони қарздиҳӣ ва 17 бонк, аз ҷумла як бонки исломӣ фаъоланд.

Дар як соли охир "Саноатсодиротбонк" бонки севум шуд, ки иҷозаи корро ба даст овард. Пештар созмонҳои қарздиҳии "Арванд" ва "Алиф" низ мақоми бонкро соҳиб шуданд.

XS
SM
MD
LG