Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: Дар Узбекистон беш аз 500 корманди тиб аз COVID-19 ҷон бохтаанд


Акс аз бойгонӣ

Бино ба маълумоте, ки дар натиҷаи таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дар Узбекистон пеш аз 500 корманди тиб дар давраи пандемияи коронавирус ҷони худро аз даст додаанд.

Пизишкон аз вилоятҳои Тошканд, Намангон, Самарқанд, Навоӣ, Андиҷон ва шаҳри Тошканд тасдиқ карданд, ки дар миёни шахсони фавтида бар асари мубталошавӣ ба коронавирус табибон, парасторон, кормандони беҳдоштӣ ва озмоишгоҳҳои бемористонҳо низ буданд.

Ҳамчунин гуруҳи тиббии "Фидокорон" дар Telegram ном, ҷойи кор ва акси ҳудуди 500 корманди тибро дар Узбекистон нашр кард, ки баъд аз мубталошавӣ ба коронавируси нав ҷон бохтаанд. Вазорати тандурустии Узбекистон шумори дақиқи табибони фавтидаро дар давраи пандемия нашр накардааст.

Ҳамсуҳбатони бахши узбекии Радиои Озодӣ дар бемористонҳои вилоятҳои мазкур гуфтанд, бештари ҳамкорони фавтидаашон барои коронавирус ташхис насупурда буданд. Зеро дар бештари минтақаҳо санҷиши нақшавии кормандони тиб аз вирус гузаронида нашудаааст.

Як ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ аз Намангон гуфтааст, "дар дармонгоҳи мо наздик ба 10 кас кор мекунад. Ягон нафари онҳо барои вирус озмоиш насупурдаанд. Мо ҳатто бо лавозимоти зарурии муҳофизатӣ таъмин нестем. Дар ҳоле ки ҳар рӯз ба манзили зисти мубталоёни коронавирус меравем. Шахсан ман ду табиберо мешиносам, ки бар асари коронавирус ҷон бохтаанд."

XS
SM
MD
LG