Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон дар Ереван азми тазоҳурот доранд


Ереван рузи 11-уми ноябр ҳам шоҳиди тазоҳурот буд.
Ереван рузи 11-уми ноябр ҳам шоҳиди тазоҳурот буд.

Гуруҳҳои мухолифи ҳукумат дар Арманистон, ният доранд, тазоҳурот бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашиниёнро идома бидиҳанд. Онҳо мегӯянд, созиши оташбасе, ки ӯ бо миёнҷигарии Русия бо Озарбойҷон барои хатми ҷанг дар Қаробоғи куҳӣ имзо кард, ба нафъи Арманистон нест.

Чанд соат пеш аз тазоҳуроти барномарезишуда барои рӯзи 12-уми ноябр дар шаҳри Ереван, Кумитаи махсуси тафтишотӣ гуфт 10 чеҳраи шинохтаи мухолифонро барои “созмон додани бетартибиҳои оммавӣ” дастгир кардаанд. Мухолифон боздоштро ғайриқонунӣ номида, танқид карданд.

Эълони созиши оташбас бо Озарбойҷон дар рӯзи 10-уми ноябр хашми мардумро дар пойтахти Арманистон барангехт, ки ба маркази шаҳр рехтанду ба биноҳои ҳукуматӣ ва порлумон ҳамла карданд. Ҳарчанд созиши оташбас ба ҷанге, ки 2 ҳазор нафарро кушт, поён дод, вале арманиҳои зиёде онро напазируфтаанд, чун ба Озарбойҷон имкон дод, манотиқи зиёди тассаруфкардааш дар Қаробоғи куҳиро нигаҳ дорад.

Як рӯз баъд аз имзои созиши оташбас, тазоҳургарон дар шаҳри Ереван ба кӯчаҳо баромаданд ва Пашиниёнро “хоин” хонданд. Созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Русия, шикасти сахте барои нерӯҳои таҳти ҳимояти Арманистон дар Қаробоғи куҳӣ ба ҳисоб меравад. Вилояти мазкури арманишини Озарбойон баъди хатми даргириҳо дар соли 1994 худро мустақил эълон карда буд. Садҳо нерӯҳои посдори сулҳи Русия барои монеъ шудан ба такрори ҷанг ба минтақа фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG