Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав мунтазири натиҷаҳои ниҳоии интихоботи ИМА ҳастанд 


Қасри Сафед, макони кори президенти ИМА
Қасри Сафед, макони кори президенти ИМА

Дар ҳоле, ки шумори раҳбарони ҷаҳоние, ки табрикномаҳои худро ба Ҷо Байден дар робита бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА ирсол кардаанд, мақомоти Русия гуфтанд, ки натиҷаҳои расмии ниҳоии интихоботро интизор хоҳанд шуд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи 9-уми ноябр ба саволи ин ки чаро соли 2016 президент Владимир Путин номзади ҷумҳурихоҳҳон Доналд Трампро бо ғалабаи интихоботиаш ҳамон замон баъди бурдани раъйи ҳайати овоздиҳандагон табрик карду ҳоло не, гуфт: “Шумо медонед, ки чандин ҷараёни ҳуқуқие ба роҳ монда шудааст ва дар ин бора президенти кунунӣ хабар дода буд”.

Песков афзуд: “Ба ҳамин хотир вазъият фарқ мекунад ва мо фикр мекунем, ки дурусттар хоҳад буд, агар мо мунтазири эълони расмӣ бишавем”.

Пирӯзии Ҷо Байден, номзади демократҳо чор рӯз баъди овоздиҳӣ дар интихобот – 7-уми ноябр эълон шуд. Ҳамон рӯз, баъди шумориши бештари раъйҳо ӯ тавонист 270 раъйи ҳайати овоздиҳандагонро ба даст оварад ва ҳамин овозҳо роҳи ӯро ба Кохи Сафед ҳамвор мекунанд.

Вале хабари пирӯзии ӯ дар ҳолест, ки шумориши оро идома дорад ва президент Доналд Трамп дар робита бо натиҷаҳои овоздиҳӣ дар чанд аёлати калидӣ шикояти ҳуқуқӣ қардааст.

Песков гуфт, Путин “батакрор гуфтааст, ки интихоби мардуми Амрикоро эҳтиром хоҳад кард” ва омода аст бо ҳама президентҳои ИМА ҳамкорӣ кунад. Сухангӯи Путин гуфт, ки Маскав ба одӣ шудани робитаҳо бо Вашингтон умед мебандад.

Баъди он ки Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард, робитаҳои Русия бо ИМА ба ҳолате баргашт, ки замони "Ҷанги Сард" мушоҳида шудааст. Байден он сол дар маъмурияти президент Барак Обама дар мақоми муовини президент кор кардааст ва ҳоло интизор меравад, ки мавзеъгирии Кохи Сафед нисбати Кремлин дар қиёс бо даврони Трамп аз лиҳози масоили ҳуқуқи башар ва сиёсатҳои хориҷӣ сахттар шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский, ки дар замони маъракаи интихоботӣ пои ҳукуматаш дар умури дохилии ИМА дида шуд, дар твиттери табрикотиаш рӯзи 7-уми ноябр гуфт, ки “Украина дар бораи ояндаи шарикии стартегӣ бо ИМА хушбин аст”.

XS
SM
MD
LG