Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден гуфт, корро аз мубориза бо КОВИД-19 оғоз мекунад


Ҷо Байден, ғолиби интихоботи ИМА
Ҷо Байден, ғолиби интихоботи ИМА

Ҷо Байден, номзади пирӯз дар интихоботи Амрико гуфт, ки ҳадафи боло бардоштани рӯҳияи миллат ва муттаҳид сохтани кишварро дорад.

Ӯ ин ҳарфҳоро рӯзи 7-уми ноябр пас аз он гуфт, ки шумориши райъ дар Пенсилвания ӯро пештози сабқати интихоботи президентӣ сохт.

Байден ба ҷонибдоронаш гуфт, ки “ба мо пирӯзии боварибахшро тақдим карданд”.

Ӯ гуфт, ки кори раҳбариашро аз мубориза бо вируси ҳамагири КОВИД-19 оғоз хоҳад кард.

Дар Амрико беш аз 9 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфтааст ва бештар аз 200 ҳазор фавтидаанд. Мухолифон Донлд Трампро барои чораҳои ҷиддӣ наандешидан дар самти коҳиши фавт аз коронавирус интиқод кардаанд.

Донал Трамп, президенти амалкунандаи ИМА ҳанӯз шикасти худро дар интихобот эътироф накардааст.

XS
SM
MD
LG